Варзиш Хабарҳо

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз санаи 16-уми марти соли равон аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишии «Дави Наврӯзӣ ва марафони дучархаронӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии варзишию сиёсӣ ҳама коллективҳои меҳнатӣ, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ва дигар сокинон ширкат намуданд. Мусобиқа дар 7 гурӯҳ: хонандагон, ҷавонон, калонсолон, пиронсолон занон, кормандони ташкилотҳо ва дучархаронҳо баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа, байни хонандагон Тоҳир Қурбонов, Наврӯзи Ҳабибулло (мактаби №6), ва Шамшоди Ҷурахон (гимназия) сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Байни ҷавонон бошад, сокини деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти Ховалинг Султон Ҳасанов сазовори ҷои якум ва ҷойҳои дуюму сеюмро корманди ШВКД дар ноҳия Хусрав Ҳабибов ва корманди маркази бемориҳои сил Насим Умаров соҳиб гардиданд.

Ҳамин тариқ байни калонсолон Набиев Ҷурахон (мактаби №2), Талбаков Саъдулло (шуъбаи маориф), байни пиронсолон Шарифов Сайдолим (намояндаи Масчиди ҷомеъ), Усмонов Абдулҳақ (райёсати молия), байни кормандони ташкилоту муассисаҳо Ҳикматуллоев Парвиз (райёсати молия), Алиев Абдунабӣ (сардухтури идораи беҳдоштӣ), Эшонов Сайволиддин (райёсати молия), байни занон бошад хонандагони муассисаи таълимии №4 Латифзода Собирамо ва Ҳасанова Моҳхонум сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар марафони дучархаронӣ ҷойи аввал насиби муҳассили гимназияи давлатӣ Сатторзода Бобоназар гардид. Ҷойи дуюму сеюмро дар ин марафон хонандаи мактаби №6 Исмоилҷони Юнус ва хонандаи мактаби №5 Султонвайс Ҷалолов соҳиб гардиданд.

Мусобиқа шавқовару хотирмон анҷом ёфт ва аз тарафи масъулин ваъда доданд, ки ғолибон дар ҷамъбасти шашмоҳаи натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия бо туҳфаҳо қадр карда мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *