Маориф Рӯйдодҳо Хабарҳо

Ҷашни рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар МТМУ №2

Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  ҷашни таъсисёбии 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагии ҳамаҷониба таҷил намуданд.

Дар ин рӯз саҳни муассиса ба таври ҷашнӣ ороста шуда буд ва шиорҳои «Барои Ватан ҷон фидо мекунем», «Хизмат ба Ватан саодати мост», «Ватан баро  мо модар аст ва онро аз дилу ҷон хизмат менамоем» ва ғайраҳо майдонро зебу зиннати диагр медоданд.

Дар майдон хонандагони синфҳои болоӣ либоси низомӣ ба бар намуда, худро ҳамчун афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан нишон медоданд.

Ҳамакнун қисмати тантанавии чорабинӣ бо суханони пурмуҳтавои омӯзгорон паси сар гардид. Хонандагон бошанд, дар васфи Ватан шеъру сурдхонӣ карда, саҳнаҳои ҷолибу дилнишин бобати ватандӯстдорӣ ва меҳанпарастӣ нишон доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *