Аксҳо Изҳороти расмӣ Маълумотҳои кушода Рӯйдодҳо Сайёҳӣ Хабарҳо

Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Сайидаҳмад Каримов

Имрӯз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бобати бузургдошт ва эҳтиром гузоштан нисбати қаҳрамонон, нафароне, ки барои Ватан ҷон нисор намуда, хизмат ба Ватанро аз ҳама боло ва қиммат медонанд, қадршиносӣ намуданд.

Дар ин радиф масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раиси ноҳия, омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти имиёнаи умумии №3 дар назди нимпайкараи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, зодаи ноҳияи Ховалинг, дорандаи ордени Суворов (нахустин дар миёни тоҷикон) Сайидаҳмад Каримов гулчанбар гузоштанд.

Чунин қадршиносӣ ва эҳтиром дар қалби насли ҷавон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми онро бедор месозад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *