Изҳороти расмӣ Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН АМРУДИН БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Модарону  бонувони гиромӣ!

Иди «Рӯзи модар» мудом дар айёме баргузор мегардад, ки дар кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи наврӯзӣ гом мениҳад. Ин рамзи эҳёи ҳаёт, сарчашмаи хуррамӣ ва покиву зебоӣ будани олиҳаи ҳаёт, зан-модарро нишон медиҳад.

Аз ин рӯ, кули модарон ва бонувони иззатманди диёрро ба муносибати «Рӯзи модар» ва айёми истиқболи Наврӯзи аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пешазҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осӯда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Модар барои ҳар як инсон азиз аст.

Бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони асилу соҳибватан, арзишуманзалатибаробар дорад.

Модар барои фарзанд азизтарин дар рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дил навозии ӯ оғоз мегардад. Зан–модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидон, нахустин мураббии фарзанд мебошад.

Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои офаридаи илоҳист. ӯ шабу рӯз, нигаҳбони ҳаёт ва созандаи шахсияти ҳар як инсонаст. Худованд                                  

ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат наслофарӣ эҳдо кардааст.

Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модар гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Ҳар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар аст, дар он баракат фаровон аст, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Ҳеҷ амале инсонро дар ростои тазодҳои зиндагӣ, ба ҷуз фазлу муҳаббат ва ҳидоятҳои модар, ба роҳи рост раҳнамун карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистони броз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои наслии нсон, бепарво бошад ояндаи худро аз даст медиҳад».

Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳост.

Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарзанд аст. Дар назди бузургии зан на танҳо адибону шоирон, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ ва барои кишвар кушоӣ кӯшиш мекарданд, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани зан тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудааст:

«Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус,  далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз сеҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида,  ҳамзамон насли ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Бинобар ин  модар бояд соҳиб маърифату бо фарҳанг ва ҷаҳон бинии васеъ дошта бошад, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва баҳаёти мустақилона омода намудани фарзанд муваффақ шавад.

Мутаффаккире бо ҳисси ниҳоди пурмуҳаббати зан, аз номи онҳо чунин баён намудааст:

«Ман Зан-Модарам, мавҷуди нозукпайкару оташниҳод, ҳаргиз аз

зан-модар буданам пушаймон нестам, ҳеҷ гоҳе бо таассуф ба забон наовардаам, ки чаро аз ҷумлаи мардон нестам…»

Бале, мардонагии зани тоҷик ҳам дар ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ аз зан будан озурдадил нагардида, аз мардон дида, бештар дар ҷабҳаи пеши долу зарби меҳнат мардонавор истода, заҳмат мекашад.

Ман боварии комил дорам, ки бо қувваи хастанопазири занону бонувони ноҳия тамоми мушкилот ва камбудиҳои рӯзгор бартараф карда шуда, ҳар як соҳибхоназан бо тозаву

озода намудани ҳавливу роҳрав, хонаву дар, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ саҳми худро дар ободии ноҳия гузошта, ҷашнҳои бузурги дарпешистодаро  бо сарбаландӣ таҷлил менамоем.

Мегӯянд, ки зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонист. Маҳз ҳамин зан буд, ки дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана намуд.

Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Зан офарандаи ҳаёту модари меҳрубон, ҳамсари ғамхору ободии ҳар як хонадон аст. Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар Шумо модарони азизу бонувони меҳрубонро  бо фарорасии «Рӯзи Модар» 8-Март самимона табрик намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ, хотири ҷамъу дили беғам ва хонаи ободро таманнодорам.

Ид муборак!  Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *