Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар кори Шӯро Раиси Кумитаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ Рудобаи Мукаррам ва дигар намояндагони ӯ ширкат доштанд Ҳамчунин дар кори Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ширкат намуданд.
Дар ин суҳбат аз тарафи масъулин перомуни ҷашни байналмилалии Наврӯз, суннатҳои он таърихи қадима доштани Наврӯз ва бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз суханронӣ карданд.
Иштирокчиён аз ин суҳбат таассуроти баланд бардоштанд.