Варзиш Хабарҳо

Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд

 

Дар ноҳияи Ховалинг аз саннаи  11 декабри соли 2023   мусобиқаи Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳо оғоз гардид. Ин бозиҳо дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия бо иштироки 12 даста гузаронида шуда, он то 15-уми  декабри соли 2023 идома ёфт. Даври ниҳоии  бозӣ байни дастаҳои “Кумитаи Замин”  ва “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия   гузаронида шуд, ки  тими “Кумитаи Замин” дастаи рақибро бо ҳисоби 4 : 3 шикаст дод ва соҳиби Ҷоми раиси ноҳияи Ховалинг гардид.. Имрӯз яъне 15-декабри соли 2023  дар маёднчаи варзишии замонавии деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳия дар чорабинии тантанави барои ҷойҳои ишғолнамудаи дастаҳо бо иштироки раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон  ифтихорномаю  медалҳо  ва туҳфаҳои омода намудаи Раиси ноҳияи Ховалинг ба ғолибон зери кафкубиҳои тамошобинон супорида шуд. Гуфта мешавад, ки дар баробари бозии футбол дар ноҳия барои ғолибони ҷойҳои ишғолнамудаи бозиҳои варзишии шашка ва волибол  ҳамчунин туҳфаҳо супорида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  мусобиқа бо мақсади таҳкими тарзи хаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, оммавигардонии варзиш, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва бо ин васила дуруст истифода намудани иншоотҳои варзишӣ доир мешаванд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *