Хабарҳо

Барои аз байн бурдани терроризму экстремизм аз ҳама роҳу воситаҳо бояд истифода намоем

Вокуниш:  Дар шароити рӯз, ки ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифтааст, ин ҳолат ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд. Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз ин амалҳо манфиат мебардоранд. Бояд дарк намоем ва ҳӯшёр бошем, ки хатари терроризм аз байн нарафтааст ва намеравад. Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои он эмин бошад. Тоҷикистон ҳам аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд.   Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад. Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Чӣ тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад. Имрӯз вазифаи мо масъулин, ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд. Пас мебояд ҳама чораҳои зауруриро андешида, нисбат ба терроризму экстремизм бетараф набошем ва баро аз байн бурдани ин зуҳӯроти номатлуб аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намоем. Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *