Вокуниш: Вақте, ки оинаи нилгунро тамошо карда, аз шабакаи телевизионии ҷаҳоннамо хабарҳо аз хориҷи кишварро тамошо мекунем ва таркишу куштор, қатлу ғорат, оташзаниву гаравгонгириро дар кишварҳои ҷангзада мебинем, пеши чашмонамон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта меояд. Кишвари биҳиштосои мо низ дар солҳои аввали соҳибистиқол гардиданаш, яъне солҳои навадуми асри гузашта дучори чунин фоҷиаву хунрезиҳо гардида буд. Чунин нобасомониҳоро дар кишвари мо анна ҳамин гурӯҳҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷ пайи ноором сохтани ҷомеа, барҳам задани сулҳу осоиштагӣ мебошанд, роҳандозӣ карда буданд. Ҳама ин нобасомониҳо, ки дар кишвари мо харобиҳо овард, падарро бо писар, бародарро бо бародар низоъ андохта, духтарро бадбини модар гардонида буд аз фаъолияти нопоки саркардагони ҲНИТ сарчашма мегиранд. Саркардагону роҳбарони ҲНИТ аз рӯзи аввали фаъолияташон нияти нопок доштанд ва бо ҳадафу мақсадҳои бадғаразонаашон мунтазам пайи ноором сохтани ҷомеа буданд. Ҳамин буд, ки мардуми шарифи тоҷик фирефтаи найрангу дасисаҳои онҳо гардиданд ва дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он давра он қадар боло гирифт, ки ҳатто падар ба ҷони фарзанд қасд дошт. Гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Азоби гуруснагӣ, нооромӣ, беҳуқуқӣ, ноадолатӣ ва ғайраҳо дар кишвар ҳукмфармо буд, аммо пеши чашмони саркардагон, роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар он давра он қадар равған гирифта буд, ки ҳама ин нобасомониҳоро гуё намедиданд ва мунтазам фаъолияташон ноором сохтани ҷомеа буд. Сабаб он буд, ки онҳо бояд супориши хоҷагони хориҷиашонро иҷро менамуданд. Барои онҳо аз даст рафтани Ватан, пароканда шудани як миллати соҳибтамаддун ҳеҷ буд. Аз барҳам хурдани миллати тоҷик боке надоштанд. Танҳо манфиати якрӯзаи худро фикр мекарданду халос. Имрӯз низ вазифаи онҳо ҳамон аст. Бо супориши хоҷагон мунтазам пайи фиреб додани ҷавонон ва гумроҳ сохтани онҳо, ноором сохтани ҷомеа, аз байн бурдани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва паст гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошанд. Аз ин амали нанговару шармовар ва хиёнаткоронаи чунин гурӯҳҳо нафрат дорем ва ҳар як амали ифротгарона ва ғаразноки чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва хоинро маҳкум менамоем. Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг пайваста кушиш менамояд, то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, муқобили чунин гурӯҳҳо муборизаи беамон барад ва нагузорад, ки чунин нохалафон сулҳу оромии бо ҳазор ҷонбозиҳо ба даст овардаамонро аз байн баранд. Пайваста аз ҷавонон таъкид бар амал меорем, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои иғвогару ғаразпеша нагардида, атрофи Пешвои муаззами миллатамон сарҷамъ бошанд ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷаъмахон Файзов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаи наҳзатиҳо аз нури Наврӯзи хиратар хоҳад гашт!
Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаи наҳзатиҳо аз нури Наврӯзи хиратар хоҳад гашт! Ҷумҳурии Тоҷикистон кишврест, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин давлат рушди рӯзафзун ба назар мерасад, ки албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчунин дигар душманони миллату давлати мо нест ва сад дар […]
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад
(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи […]
Исломи асил зидди амалҳои террористӣ
Исломи асил зидди амалҳои террористӣ Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии […]