Хабарҳо

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд

23 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот […]

Раиси ноҳия Фарҳанг Хабарҳо

Ховалинг, 15.11.2024 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Санаи 15 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳия, ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия ширкат доштанд. […]

Аксҳо Аҳолӣ Маориф Фарҳанг Хабарҳо

Ховалинг, 12.11.2024 ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВА БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Санаи 12 ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 деҳаи Дӯстии […]

Аксҳо Сохор Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Санаи 12-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ШВКД-и ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, ёрдамчии прокурори ноҳия Тағоев Давлат, корманди шуъбаи КДАМ дар ноҳия, Мусозода Қиёмиддин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амрдинзода Ҷамахон Амрдин ва дигар […]

Аксҳо Фарҳанг Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳияи Ховалинг санаи 5 ноябр бо шукуҳу шаҳомати махсус ва омодагиҳои ҳамаҷониба баргузор карда шуд. Дар толори қасри фарҳанги ноҳия нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои раиси ноҳия, коллективҳои кормандони […]

Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!

Дар ҳама давру замон фарзандони асилу ҷонфидои миллати тоҷик бо ҷасорату матонат ва шуҷоату қаҳрамонии хеш номашонро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт кардаанд. Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи милитсия тоҷик” иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин ба аёдати оилаҳои сарбозону афсароне, ки дар ҳифзу ҳимояи хоки […]

Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

БАРОМАДИ ТАБРИКИИ И.В РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА Ф.А. БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ «РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ».

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамасола  6-ноябр  Рӯзи  қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шукуҳу  шаҳомати  хоса  қайд мегардад, ки имсол ба қабули ин санади муҳиму сарнавиштсози миллати тоҷик 30 сол пур мешавад.           Шумо  ва дар симои Шумо тамоми мардуми  ноҳияро ба муносибати «Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон » самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ […]