Хати қирмиз
Хати қирмиз дар забони форсии Эронӣ, яъне хати сурх гуфта мешавад, ки маънои пурраи он аз ҳад гузаштан ва ё аз ихтиёри худ берун шудан аст. Ба истилоҳи дигар охири хат, яъне сарҳади кор, ки аз он берун шудан имкон надорад. Ба маънои том аз ҳади худу инсонӣ гузаронидан аст, ки ин ҳам бо худ ҷавобе дорад.
Вобаста ба ин чуноне, ки медонем нофаҳмоӣ ва муноқишаҳо байни сарҳади ҳамсоядавлат Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марзи байни ин ду давлат ин бор маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст. Тибқи гузоришҳо ҷониби кишвари ҳамсоя бар хилофи созишномаи қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳалли зикршуда, ки марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, сохтмони иншооти номаълумеро роҳандозӣ намуданд, ки ин амал боиси эътирози мардуми ин ҷамоат гардидааст.
Ҳамчунин таи чанд моҳи гузаштаи муноқишаҳои байни марзии Тоҷикистону Қирғизистон чанд тан аз афсарони тоҷик ҷон бохтааст, аммо аз ҷониби хамсоядавлат дар бораи чунин ҳолат ва ё захми гардидани нафаре аз онҳо маълумоти дақиқе дода нашудааст.
Мардуми тоҷик ҳамчун миллати сулҳдӯсту сулҳпарвар ҳақи ҳамсоядориро як амали неки инсони дониста, таҳаммулпазириро ихтиёр дорад, ки шояд ин кишвари бо мо дӯсту бародар аз хатои худ огоҳ гардаду ба ин муноқишаи марзӣ, ки шояд боз чандин аскару афсар захми нагардад даст аз талоши беҳуда бардорад.
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадим миёни давлатҳо алалхусус дар сарҳадгаҳи онҳо ҷангу ҷидол, нооромсозию фитнаангезӣ буду то имрӯз низ дар бисёре аз кишварҳои олам ин ҳолат идома дорад, ки махсусан дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ин ҳам дасти дасисабозону бадхоҳон шояд кам набошад. Вале тибқи муқаррарот ва муносибатҳои байнидавлатӣ, созишномаҳои ба имзорасида набояд ҷонибе аз чизе суистифода кунад ва ё аҳдшиканӣ намояд, ки дар ин хилофи он созишномаҳои басташуда мегардад ва ҳамчуноне, ки гуфтем аз ҳади худ гузаштан, аз хати қирмиз гузаштан аст.
Кули мардуми тоҷик бо роҳнамоии Пешвои муаззами хеш умед доранд, ки муносибатҳои байни давлатии ин ду кишвар ва аз ҳама муҳим ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамбастагӣ пойдор хоҳад монд. Он нофаҳмоию носозгориҳои байни марзӣ бо адолат роҳи ҳали худро хоҳад ёфт ва Тоҷикистону Қирғизистон чун ҳамеша бо ҳам ёру бародар. Ҳамсояву шарики хуби стратегӣ муносибат хоҳанд намуд.