Хабарҳо

Экстремист ва террорист номус надоррад.

   Имрӯз гурӯҳ ва равияҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла  роҳбарони аз ҷурми гуноҳ гурезаи Ҳизби наҳзати ислом , Гурӯҳи бо ном 24 ва дигар тарафдорони онҳо аз сомонаҳои таъсисдодаашон ба хотири пайдо намудани маблағ нисбати Роҳбари давдат, Ҳукумат, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ғаразгӯӣ менамоянд.  Чунин ҳолатро ҳамарӯза ва дар ҳар як баромади онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо  барои қонеъ намудани нафси бади худ  аз чизе рӯй намегардонанд. Вақте ба суханони таҳқиромези онҳоро гӯш медиҳӣ, вуҷудатро нисбати чунин ашхос, ки теша ба решаи миллат ва давлат мезананд ва мекӯшанд, ки нуфузи онро дар арсаи байналмилали паст зананд,  чунин ашхосе, ки худро тоҷик меноманд, вале  бо ин амалашон ба номи миллати  фарҳангсолори тоҷик иснод меорад, ҳисси нафрат нисбати онҳо дар  вуҷудат пайдо мегирад. Дар рӯзҳое, ки  ҷониби Қирғзистон сарҳадшиканӣ намуда,  ба сокинони кишвари мо хисороти молию ҷонӣ расониданд, собиқ  президентҳои Қирғизистон, ки  гуреза мебошанд,  аз хорииҷ аз кишвар ба пуштибонии сарҳадчиёни қирғиз баромад карданд ва ҳатто  барои онҳо маблағ ирсол намуданд. Аъзоёни ҳизби наҳзати ислом бошанд, ба тарафдории  қирғизҳо баромад намуданд, ки аз ин дида пастсифатӣ, душманӣ, хоинӣ нисбати давлату миллат  худ намешавад. Мардуми мо хуб медонад, ки ба гуфти халқ онҳо, аз он ки ба мақсади нопокашон нарасидаанд “дилдарманданд”  ва бинобар ҳамин бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки  мардумро  ба хусус  ҷавонони  ноогоҳро аз роҳи  рост  ба роҳи хато тела диҳанд.   Вале  имрӯз шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки  ҳамин наҳзатиҳо буданд, ки  солҳои навадуми асри гузашта  миллатро ба  ҷанги шаҳрвандӣ мутаваҷҷеҳ гардониданд, ки дар натиҷа 150 ҳазор одамони бегуноҳ ҷон бохтанд, зиёда аз як миллион нафар аз рӯи ноилоҷи Ватанро тарк намуда,  ба чор тарафи дунё гуреза гардиданд. Ин ҳолатеро, ки онҳо ба сари мардум оварданд, ба забон намеоранд ва оварданӣҳам нестанд. Баракс худро мӯсичаи бегуноҳ нишон  дода, чунин вонамуд мекунанд, ки аз онҳо дида барои миллат ғамхору дилсӯзтар  касе нест.  Ин амали онҳоро “Гург дар пустини  меш” мегуянд. Ва ин  гуруҳ  одамон ҳамаашон  аз  ин  “ҳила” хуб истифода  мебаранд. Онҳо аз гуфтани дастовардҳои замони  истиқлолият меҳаросанд. Мо чунин мешурорем ва чунин ҳам ҳаст, ки    ба ҷо овардани эҳтироми Сарвари давлат арҷ гузоштан ба халқ, ба ҷо овардани эҳтиром ба давлату давлатдорӣ ва миллати тоҷик  аст, зеро Президентро халқ интихоб мекунад  ва ӯ дар куҷое сухан кунад аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон сухан менамояд.  Дигар он ки дар куҷое  сухан дар бораи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад,  мо бояд нисбаташ эҳтиромона  сухан ронем, зеро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар лаҳзаҳои барои миллат душвортарин, дар ҳолати аз байн рафтани давлату миллат Парвардигор  ба сари қудрат овард ва ӯ тавонист бо ҷоннисорӣ  ва хиради азалии миллати тоҷик  сокинони мамлакатро  сарҷамъ намуд ва давлатро аз  сифр (нол) бунёд намуд. Ин ҳақиқатест, ки онро касе пинҳон карда наметавонад.  Он суханони мондагор, ки дар рӯзи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб намуданаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд,  ҳоло  ҳам дар гӯши  ҳамагон  чун зангула садо медиҳад:    “Ман ба шумо сулҳ   меорам! то он вақте, ки як гуреза дар хориҷ аз кишвар мемонад,  ман худро ором ҳис намекунам, барои ин лозим шавад, ман ҷони худро нисор менамоям”.  Бинобар ҳамин ҳамаи бадномкуниҳо, ғаразгӯиҳои  наҳзатиҳо ва дигар думравонашон кулух дар девори хушк аст. Ин суханон баракс нафрати мардумро нисбати онҳо, ки нисбати давлату миллат хиёнат содир менамоянд, бедор менамояд.

Асадуллозода В.Д., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *