Новости

Терроризм ВАТАНУ МИЛЛАТ ва дину мазхаб надорад

  “Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум оғозаш карда буданд то ҳол даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”. Яке аз шохаҳои терроризми байналмилалӣ ташкилоти террористӣ –экстремистии Ҳизби назҳати ислом аст, ки ахиран аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия низ ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон гардид. Макомоти ин кишвар баъд аз баррасии масъала ва ба эътибор гирифтани тамоми далелҳо дар бораи силсилаи ҷиноятҳою террорҳои ТТЭ ҲНИ онро мамнуъ ва террористӣ эътироф карда аст. Албатта, ин амал мантиқан дуруст ва барои  пешгирии терроризм муҳим аст, зеро наҳзатиҳо бо афкору мақсадҳои доштаашон натанҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми кишварҳои пасо шуравӣ, аз ҷумла Россия таҳдид менамоянд. Бояд қайд намуд, ки дар асл ҷиноятҳои ин ташкилоти ифротии назҳатӣ беҳисобанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо аъзои гурӯҳи даҳшатафкану ваҳшатангези ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат ба амалҳое даст мезананд, ки ваҳшиёни ёбоиву хунхор ҳеҷ гоҳ ин гуна рафторро раво намедиданд. Дар баробари ин қадар қатлу куштор ва ваҳшониятҳо, боз нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он саҳм гузоштан мехоҳад. Яке аз чунин амалҳои даҳшатбор ва фалокатбори намояндагони ташкилоти террористии назҳат ба қатл расондани роҳбари ҷараёни динии “БАҲОРИЯ” дар Тоҷикистон Абдулло Муқаррабӣ мебошад. 24-сентябри соли 1999 аъзои ташкилоти террористӣ Ф.Комилов, Темиров ва М.Назуруллоев бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот ва бо маслиҳати пешакӣ ба манзили зисти сарвари ҷараёни “БАҲОРИЯ” Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида эшонро аввалан хеле лату кӯб менамоянд, баъдан, дастонашро бо сим баста, аз силоҳи оташфишон сӯи ӯ тир холӣ мекунанд ва ҳамин тавр, бо як бераҳмӣ номбурдаро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Муқовимат бо терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзоён, пайравон ва мубаллиғони террористони назҳатӣ яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки бо куштани роҳбарони ҷараёни “БАҲОРИЯ” дар Тоҷикистон роҳбарият ва намояндагони ТТЭ  ҲНИ ба мардуми кишвар нишон доданӣ  буданд, ки эшон ҳеҷ гуна афкору андешаи дигар ва ё ҷадидро қабул надоранд. Акнун, аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки онҳо пайрави динҳои дигарро ин гуна несту нобуд кардаанд, пас, онҳо ба дунявиён, демократҳо ва равшанфикрону озодандешон чи гуна муносибат менамоянд! Ин  аст амали дастаи роҳбару аъзои ин ташкилоти террористӣ. Бинобар ин, муқовимат бо терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзоён, пайравон ва мубаллиғони террористони назҳатӣ яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона махкум менамояд ва аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд. Ҳамин тавр, терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб  аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тули асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ ба динию нобоварӣ, тавлид месозад. Тавре ба ҳамагон маълум аст имрӯз терроризм  тамоми мамлакатҳои чахонро фаро гирифтааст, ки боиси гуногунандешии омма гардида, бо ақидаҳои ғалат қисме аз назариячиён ва доираҳои гуногуни сиёсӣ терроризмро ба дини мубини ислом мечаспонанд, ки он ягон асоси объективӣ надорад ва нахоҳад дошт. Баъзе қувваҳои экстремистӣ ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ, таҳти шиорҳои исломӣ ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини ислом, яъне манбаи покизаи маънавию ахлоқиро бадном месозанд. Зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти иҷтимоӣ- терроризм рӯз то рӯз  дар паси номи дини ислом пинҳон шуда, худро пурқувваттар гардида истодааст, ба воситаи идиалогияи динӣ ҷавонони гумроҳро ва наврасонро   ба вартаи марг мекашад. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои тамоми дунёро, такдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар гувоҳи он аст, ки терроризм ВАТАН ва МИЛЛАТ ва дину мазҳаб надорад. Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як  фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳисоб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯ- канорагирӣ мекунанд. Аз онҳое, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, дурӣ ҷӯянд. Зеро дар натиҷаи гароиш  ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони бегуноҳ мегарданд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи ватани  маҳбуби худ талош варзад, зеро ояндаи халқу миллат дар дасти шумо ҷавонон аст…

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *