Маориф

Дидан намудан аз рафти ҳолати таълиму тарбияи муассисаҳои таълимии ноҳия ва гузаронидани фасли замистон.

Рӯзи 21- ноябри соли ҷорӣ  бо иштироки муовини раиси ноҳия  Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Бобоҷон Зоиров  барои  сатҳи донишу малакаи омӯзгорону ханандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия  сафари корӣ анҷом додаанд.

Сараввал аз Муассисаи таълимии №4-ноҳия,  оғоз  намуда ҳолати дафтардории омӯзгорон,  синфхонаҳои  фаннӣ ва сатҳи донишу одоби хоандагонро дидан намуданд.

Сипас муовини раиси ноҳия бо хонандагон сӯҳбати озод намуда, аз рафти таълими омӯзгорон пурсон шуда, қайд намуд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи роҳбари давлат ва ҳукумат ба соҳаи маориф дар мадди аввал мебошад. Бояд ба қадри ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

Дар охир аз рафти  гузаронидани фасли сармои зимистон  дар муассисаи таълмии номбурда дидан намуда, иброз доштанд, ки  бояд ҳарчӣ бештар барои паси сар  намудани ин фасли сармо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Аз ин рӯ худро аз сармои зимистон ва ба бемориҳо дучор нагардидан мо бояд пешгирӣ намуда, маводҳои гармидиҳанда ва сухту сӯзро захира намоем, то тавонем дар фасли сармо худ ва аҳли хонандагонро ба гармӣ таъмин созем.

Пайи ҳалли ин масъала сокинони ноҳияи Ховалинг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ кушишу заҳмат ба харҷ додаанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҳезмухонаи ҳар як хонадон ва ташкилоту муассиса дар қатори ҳезум бо маводҳои сухти дигар –ангишт таъмин аст.

Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бошанд аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намуда, анбори муассисаҳоро аз ангишту ҳезум пур намуда, барои фасли зимистон захира намудаанд, то омӯзгорону хонандагон, кормандону дигар нафарон дар фасли сармои зимистон аз хунукӣ эмин бошанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *