Хабарҳо

МУСОБИҚАҲОАИ ГӮШТИН ВА АСПДАВОНӢ ДАР ХОВАЛИНГ

Санаи 26-уми майи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Хуҷахалили Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллӣ, ки сатҳи байналмилалӣ дошт, баргузор гардид.

Пеш аз оғози мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амурдин суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии футбол ва Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба паҳлавонону гуштингирон барору комёбӣ орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон на танҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои Федератсияи Россия, Белорусия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд.
Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво, ки сабзаи баҳорон онро боз ҳам рангину зебо гардонида буд, барои тамомошои ҷараёни мусобиқа ҳаводорони гӯштин бо теъдоди беш аз 20 ҳазор ҷамъ омада буданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ аз қувваозмоии паҳлавонони наврасу ҷавон, писарону духтарбачаҳо оғоз ёфта, бо ҳунарнамоии паҳлавонони машҳур анҷом пазируфт.

 Ғолибони ин мусобиқот бо туҳфаҳои гуногун аз қабили уштур, асп, гов, гӯсфанд, қолинҳои рангоранги қимматбаҳо, телевизор, яхдон ва мукофотҳои пулӣ  сазовор гардиданд. Ғайр аз ин дар мусобиқа барои паҳлавонони соҳибмаҳорат шоҳҷоиза-автомобили сабукрав низ ҳамчун туҳфа гузошта шуда буд ва дар ин мусобиқа соҳиби аслии худро пайдо кард.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин рӯз мусобиқаи дигари варзишӣ «Пойгаи аспдавонӣ» низ баргузор гардид. Дар ин мусобиқот чобуксаворон дар масофаи 5 ҳазор метр миёни ҳам сабқат намуданд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотирмону арзишнок қадрдонӣ гардиданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *