Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ БИСТУШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Снаи 25 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки и.в. Раиси ноҳия мӯҳтарам Набизода Фарухиддин Амрудин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Собирзода Қурбоналӣ  иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Рӯзномаи иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин:

-оид ба рафти иҷрои қарои раиси ноҳия аз 25.06.2021, №359 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 «Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;

-Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба риояи қонун ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ»;

 -дар бораи ҳисоботи ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид бар рафти иҷрои ваколати вакилӣ» аз ҳавзаи интихоботии №20;

-дар бораи тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия;

-дар бораи додани мустақилияти молиявӣ ба мактаби санъати бачагонаи ноҳия ба номи Фатҳуддин Тешаев;

-дар бораи қарори раиси ноҳия аз 23.09.2024, №374 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 17.09.2024, №218 «Оид ба пешниҳоди таклиф ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг дар бораи ворид нгамудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Ховалинг дар соли 2024»;

-дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 марти соли 2022, №87 оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 феврали соли 2019, №157 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома ва ҳайати комиссияи ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия» иборат буд.

Дар иҷлосия, ҳамаи масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор, аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул карда шуд.

Ҳамчунин оид ба рафти гузариши иҷлосия ва натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Собирзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, ақидаҳои худро иброз намуданд.

Ардашер ИСЛОМОВ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *