Шараф чизест, таҷовус нопазир аст. Оре шараф чизест, ки ба ҳар мардум муяссар намегардад. Ба мисли шахсоне, ки нону намаки ин сарзамини биҳиштосои мо Тоҷикистонро хурдаанду аммо имрӯз айб меҷӯянду аз дуриҳо нисбати давлату миллати тоҷик санги маломат мезананд . бояд мард ҳамон ҷуръату ҷасоратеро дошта бошад, ки баробари дидани айби касе барои рафъи камбудӣ кӯмакаш кунад. Вале вой бар ҳоли баъзеҳо (Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Иззат Амон ва тамоми намояндагону аъзои гурӯҳҳои ифротӣ), ки гиребони худро бӯй накарда, бинияшонро ба гиребони дигаро мехалонанд. Дар ҳоле, ки Ҳукумати кишвар дар фикри солимии ҷомеа будаву мехоҳад мардуми кишваро ҳарчи зудтар аз бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кардааст, эмин нигоҳ дорад, Муҳаммадиқболи Садриддин дар тамоми сомонаҳои иртиҷоӣ аз нодурустии идораи давлат ҳарф мезанад. Намедонам ин ҳақро ба ӯ ки дода бошад. Ӯ ҳамроҳи шарикони идеалиашон, ки ба қавли худаш бо эшон ҳамфикр аст, вале танҳо фикри худашро мавқеъ медиҳаду он бечораҳо бехабаранд. Шарикони идеологияш Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Мирзои Салимпур ва даҳҳои дигар аз гурӯҳи 24 ҳатто намедонанд, чи гуфта истодаанд. Чунки онҳо манқуртшудаи падарбузургашон Кабирӣ мебошанд. Кабирӣ имрӯз истеъфои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳо шуданд, вагарна ҳоло ҳама ғуломи он палидон буданду бо ҷабру зулм зиндагӣ мекарданд. Хушбахтона, зарфи 30 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик орому осуда зиндагӣ мекунанду аз тамоми имконоти мавқуда истифода мебаранд. Кабирӣ дар баромади худ аз ҷуръати мардуми ноҳияи Хуросон дар хусуси аз боришоти зиёд зери об мондани заминҳояшон, ки тазоҳурот кардаанд, ёдовар шудааст. Магар барои ҳар мусибат ё ҳолати ногаҳонӣ, ки интизораш нестем тазоҳурот кард? Албатта не. Чунки офати табиӣ ногаҳон сар мезанаду аз ҳеҷ кас намепурсад. Ҳукумати кишвар дар пайи ислоҳаш ҳаст ку. Ту Кабирӣ, дар ким куҷое қоим шуда, аз куҷо медонӣ, ки дар Тоҷикистон чи гап ҳаст? Мақлои “Шунидан кай бувад монанди дидан?” – ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки барои ту фирории дур аз Ватан чун обу ҳаво мешавад.
Котиби матбуотӣ
Раҳматуллоева М.