Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мост.
Ватанро интихоб ва хариду фурӯш намекунанд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст, ки шахс таваллуд шуда, камол ёфтааст ва мақому маскан дорад, маънидод кардаанд.
Агар Модар моро зодаву бо шири сафед парварда, нахустин ҳарфу ҳиҷои забонро ёд додаю роҳрав карда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти пурмеҳру навозиш гузошта, чун фарзанди дилбанд тарбия мекунад.
Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ нест, балки дар кору фаъолият, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо, зоҳир мегардад.
Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем, Арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ саҳмгузор бошем. Ватани мо тоҷикон Тоҷикистон аст. Ва обу ҳавои Ватани мо форам аст.Дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо ва деҳоти калони аҳолинишин биноҳои хуштарҳи зебои маъмурӣ, фарҳангӣ, мактабу табобатхонаҳо, варзишгоҳҳои хозиразамон, биноҳои маишиву хизматрасонии ба талаботҳои аҳолӣ ҷавобгӯ паи ҳам ба истифода дода шуда истодаанд. Ҳамин тавр корҳои сохтмонӣ дар сар то сари кишвар рӯз то рӯз авҷи тоза мегирад. Ободии Ватан мояи хушбахтиву саодати ҳар сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистониён ғурури миллӣ, нангу номуси ватандорӣ доранд ва ин эҳсосу арзишҳои муқаддас моро зери Парчами Тоҷикистон ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намудааст. Воқеан ҳам таҳти шиори ободию сарсабзӣ ва шукуфоии диёри азизамон дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузорем. Ҳар қадами устувор ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хирадмандӣ ва фарзонагии ин Сарвари оқилу доно буда, ҷаҳониёнро аз гузаштаи дури таърихӣ ва фарҳанги пурғановати ин миллати барӯманд ҳушдор медиҳад.
Ҳар хонаводаи тоҷик имрӯз бо фарзандон, аҳли байт ва хешу ақрабои худ аз тарбияи неки хонаводагии ниёгон ёд карда, ба фарзандон бо ифтихори волои ватандорӣ арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги ниёгонро меомӯзанд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ховалинг, Дилшод ШЕРОВ