Аксҳо Аҳолӣ Маориф Хабарҳо

ИДОМАИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Имрӯз 11.10.2024 гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрӣ анҷом доданд.

Вохӯрии мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22,-и деҳаи Зелолак, №42-и деҳаи Оби шур ва №45-и деҳаи Тиговуни Ҷамоати деҳоти Шугнов доир карда шуд.

Дар он муовини раиси ноҳия, Бадурдинзода Ибодат, сардухтури ШМКАТС Шарапов Сафар, мудири бахши занон ва кор бо оила Назарова Садафмо, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Яъқубо Хушвахт, котиби комиссияи мақомоти васоят ва парастории МИҲД ноҳия ва дигар намояндагон, хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон иштирок доштанд.

Дар рафти ҳар як вохӯрӣ  аъзоёни гуруҳ як-як баромад намуда, доир ба мавзуъҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшавӣ ба терроризму экстремизм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва “Дар бораи маориф”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ маърузаҳо намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *