Аҳолӣ Комиссияҳои доимӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА ҲИСОБОТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Чанде пеш, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ҳисосботи фаъолияти кори комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласа бо иштироки Прокурори ноҳия Мирзозода С, намоянда Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Мусозода Қ, Раиси комиссияи доимӣ (Раиси ноҳияи Ховалинг) Набизода Ф.А., котиби комиссия мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳияи Ховалинг, аъзоёнии комиссияи доимӣ, раисони Ҷамоату маҳаллаҳо, имомхатибони панҷвақта ва ҷомеъ, котибони комиссияҳои ҷамоатӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа се масъала баррасӣ гардид:
1. Ҳисоботи кори комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар нимсолаи якуми соли 2025;
2.Тағйироту иловаҳо ба низомномаи комиссияҳои доимии МИҲД ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот;
3. Масъалаҳои ҷорӣ;
Раиси комиссияи доимӣ (Раиси ноҳияи Ховалинг) Набизода Ф.А. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Мавсуф роҷеъ ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.
Дар раванди ҷаласа ҳисоботи котиби комиссия мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳияи Ховалинг, Ҳимматолв А. шунида шуд.
Баъди шунидани ҳисобот, Прокурори ноҳия Мирзозода С. ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Мусозода Қ, низ баромад намуда, доир ба мушкилотҳои ҷойдошта ва масъалаҳои мубрами рӯз муфассал ҳарф зададнд.
Дар охир раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва дигар иштирокдорони ҷалалса фикру андешаҳои худро доир ба масъалаҳои матраҳшаванда иброз намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *