Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАР.

ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАР

Терроризм чист ва он чӣ гуна падидаест?

Бисёриҳо дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши дуруст надоранд, ин падидаи манфиро вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунанд. Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре бологузоштани ғурури халқу миллати хеш, савумӣ афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст.

Терроризми исломӣ ҳам мисли дигар амалиёти террористӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд ислом зӯровари ғайриқонунӣ ва ғайри шариатиро рад мекунад. Дини мубини ислом талқингари он аст, ки ҳар мусулмон бояд оила, дин ва ҷамъияти худро аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳимоя намояд. Ин на бо он маъност, ки баҳри расидан ба ин мақсад хуни бегуноҳон рехта шавад, ғасбу таҷовузи бегонагон сурат гирад.

Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд?

Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст. Дар аксари мавридҳо сабаби асосии ин муноқишаҳо мушкилоти сиёсию иқтисодӣ буда, дин барои онҳо ҳамчун восита ва силоҳ хизмат мекунад. Инро дар мисоли воқеаҳои Фаластин, Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мақсади террористон бештар мазмуни миллатгароӣ ва мазҳабпарастиро дорад. Барои ҳамаи ин гурӯҳҳо ҷангҳои хонумонсӯз хос аст.

Амалиёти ин гурӯҳҳо таърихи дуру дароз дорад. Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву аъроб, ки мардумро ба қатлрасонида, тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салибӣ, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабон он нисбат ба халқҳои эронитабори ОсиёиМарказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги фашистии Олмон, ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро дар худ касб кардаанд. Дар амалиёти онҳо ягон зарра падидаи мусбат дида намешавад, ҳарчанд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдӣ барои тақвияти фикрашон Искандари Мақдуниро чун шоҳи одил ба сифати идеал қабул кардаанд. Ин тамоман гапи дигар аст.

Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Ишғолгарон ба сари мардуми бумӣ, яъне қабилаҳои сурхпӯст (апачиҳо) бало оварданд.

Имрӯз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе ҳанӯз ҳам вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президент ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гунна хатар гирифта мешавад ваТоҷикистони ободу зебои мо шукуфонтар мегардад.