Хабарҳо

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Алмаато бо маводи хӯрокӣ ва тиббӣ-антисептикӣ таъмин гардиданд

Март 30, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷорӣ гардидани карантин дар шаҳри Алмаато бар асари паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз фаъолияти меҳнатӣ бозмондаанд. Баҳри таъмин намудани шароити моддӣ ва дастгирии маънавии  онҳо  аз ҷониби  хайрхоҳон  иқдоми наҷибе  роҳандозӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад, бо ташаббуси соҳибкорони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алмаато ҷиҳати дастгирӣ ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бар асари ҳамагирии коронавируси навъи COVID-19 дар ин шаҳр аз фаъолияти меҳнатӣ бозмондаанд, ёриҳои хайриявӣ, аз қабили маводи хӯрокӣ ва  тиббӣ-антисептикӣ расонида шуд.

Акс аз саҳифаи ФБ Ҷамъияти Тоҷикистон дар Қазоқистон