Хабарҳо

Пешгирӣ  намудани ҳама гуна аъмоли ифротгароёна аз ҷомеаи имрӯза вобастагии калон дорад

  Шомилшавӣ ё худ руй овардани чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ имрӯзҳо тамоми мамолики дунёро ба ташвиш оварда, ба масоили мубрами рӯз табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки айни замон миёни гурӯҳҳои ҷангҷӯ, ки дар давлатҳои Афғонистону Покистон, Ироқу Сурия ба нооромии ҷомеа даст мезананд ҷавонони гумроҳи  тоҷик низ шомиланд. Сабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёданд. Бархӯрдор набудан аз авзои сиёсии ҷаҳон, ҳис накардани хатарҳои ифротгароӣ, зудбоварӣ, афтодан ба доми фиребу найрангҳои одамони тасодуфан соҳиби пули бе дарди миён гашта ва аз ҳама муҳимаш надоштани донишҳои кофии замонавӣ, ки онҳоро ба чунин монеаҳо такон дода, саргардониҳои зиёд ба бор меорад, аз ҷумлаи ин гуна омилҳост. Дигар сабаби пайвастани ҷавонон ба чунин равияҳо аз назорати волидайн дурмондани фарзандон аст, ки билохира онҳоро ба ин роҳ мебарад. Аз ин лиҳоз, инкониятҳои тамоми мақомоти дахлдори кишвар барои аз байн бурдани чунин ҳолати ногувор ва андешидани чораҳои таъхирнопазир равона карда шудааст. Барои гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлуб, пайваста талошҳо сурат гирифта, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад. Масъалаи ифродгарою тундгароӣ ва хатарҳои ба он вобаст ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари кишвар ин масъаларо зимни маърӯза ва баромадҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди ҳаллу фасл қарор додааст. Асоси ҳукуқии мубориза бар зидди ифродгароӣ дар кишвари моро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунанда ва асноди ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи ҷумҳурии  мо эътироф шудаанд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул карда шуд, ки мақсади он пеш аз ҳама риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асоси сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти кишвар мебошад. Имрӯз ҷомеаи кишвар пушти ҳаллу фасли омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии  онанд. Дар қатори омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки дар боло зикр намудем муҳоҷират низ воситаи пайвастани ҷавонон  ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Намояндагони гурӯҳҳои терористӣ дар навбати аввал бо муҳоҷирони гумроҳ сару кор гирифта, бо фиребу найранг онҳоро ба ин роҳ тела мебаранд. Ҳолати дигар таълимоти ғайри расмии динӣ дар хориҷи кишвар мебошад, ки дар айёми таҳсил аз ҷониби эмиссарҳои ташкилоти террористӣ муҳассилини тоҷик ҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷангӣ сафарбар мешаванд. Ба хотири таъмини шароити донишандӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда истодааст. Имрӯз  стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбияи оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма равона шудааст.Дар шароити кунунӣҳар як фардӣ соҳибмаърифат ва соҳибватан, падару модарон, намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа ва мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин кори масъулиятнок худро дар канор нагиранд. Дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз ҷониби дигар пешгирӣ намудани ҳама гуна аъмоли ифротгароёна яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва рушду инкишофи давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.