Хабарҳо

Воситаи таъсиррасон ва шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳхои ифротӣ

Воситаи таъсиррасон ва шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳхои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад, ки тавассути он созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равонии ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд ва онҳоро ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Имрӯз беш аз 100 кишвари дунё гирифтори амалу тахрибкориҳои гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ  гаштаанд. Чунончӣ, соли 2017 дар Ҷумҳурии Афғонистон бар асари фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо ва амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд, ки 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додааст. Ё худ солҳои пеш дар кишвари Афғонистон байни ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намоядагони 15 кишвар ба қайд гирифта шуда бошанд, ҳоло дар сафҳои “ДИИШ” ва дигар гурӯҳҳои терористӣ ҷангиёни шаҳрвандони беш аз 100 давлати дунёро  мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷониби дигар маълумоти ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ироқу Сурия ҷойгиранд, то ба 100 ҳазор нафар расида, дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо аллакай нобуд карда шудаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва нисфи зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад. Бинобар ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ эълон кардаанд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат, ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷойдоранд. Ба хотири таъмини шароити донишандӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда истодааст. Имрӯз  стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбияи оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма равона шудааст.Дар шароити кунунӣ ҳар як фардӣ соҳибмаърифат ва соҳибватан, падару модарон, намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа ва мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин кори масъулиятнок худро дар канор нагиранд. Дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз ҷониби дигар пешгирӣ намудани ҳама гуна аъмоли ифротгароёна яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва рушду инкишофи давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.

Котиби  матбуотӣ:  Раҳматуллоева М.