Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунон чи истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи нерӯи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарури андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавиашонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад. Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии бозҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақшаи ҳар яки мо дар таъмини кори мунназами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ мебошад.
Сабтҳои охирин
Тарбияи насли наврас, аз ҷумла ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи мо шаҳрвандон аст
Вокуниш Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз чунин амалҳои мудҳиш манфиатдор мебошанд. Бояд ҳар яки мо пурра дарк намоем, ки терроризму экстремизм […]
Исломи асил зидди амалҳои террористӣ
Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо […]
Истифодаи оқилонаву самараноки нерӯи барқ
Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Мо чи қадаре, ки нерӯи барқро сарфакорона кам истифода намоем, дар дар охири моҳ барои истифодаи он ҳамон қадар маблағ кам месупорем . инро ҳам дар ёд дошт, ки вақте ки мо қувваи барқро сарфа менамоем, шароити ба таври муътадилкор кардани заводу фабрика ва корхонаҳои истеҳсолӣ фароҳам оварда мешавад. Боиси […]