Хабарҳо

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон…

Баъди тамошои филми 7 – уми мустанади “Хиёнат”, ки таҳти унвонӣ “Бешарафӣ” аз телевизиони Тоҷикистон шаби 21 январи соли 2021 намоиш дода шуд, ба офарандагони он, ки ба шоҳидони ҳол дар кишвар ва берун аз он ҳамсуҳбат гардида, дар бораи зиндагиномаи яке аз аъзоёни фаъоли Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом, ҳаммаслаки хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин маълумоти муфассал медиҳад, садҳо ташаккур баён намудем. Агар ин филм намоиш дода намешуд, касе чунин хаёл ҳам намекард, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамарӯза аз сомонаҳои таъсисдодаашон обрӯ ва нуфузи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба туҳмату буҳтон, суханҳои бардуруғи бофтаю сохта, бо овардани ояту ҳадис паст мезананд, то ин андоза бешараф бошад. “Бешарафӣ” гузоштани номи филм ҳам бе асос нест. филм бо қисматҳои (бобҳои) алоҳида – Қалоб ва моликияти ӯ, Ахлоқи оилавӣ, Мард дар никоҳи мард, Ҷанг ба бешарафӣ, ба ҷойи хулоса ҷудо карда шудааст, ки бинанда аз тамошои он дар бораи саргузашти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, бадахлоқӣ ва ҳаромхурии падараш Садриддин Қаландаров ва худи ӯ, хулоса тақдири ин оилаи носолим ва аз одаму одамгарӣ дур ба хуби шинос мешавад.

Саргузашти ин оила нафратангез аст. Падараш Садриддин Қаландаров ӯро Мулло Қаландар ҳам ном мебурданд, барои муносибати шаҳвонӣ ба ҳайвони хонагӣ аз зани якуми худ халос мешавад. Зеро занаш ба чунин шавҳари шармандаи худию бегона зиндагӣ кардан намехоҳад. Ӯ дубора хонадор шуда, аз шарм аз ноҳияи нуробод ба шаҳри Бохтар мекӯчад. Ҳамсояҳои Бохтарии ин муллои бадахлоқ, яке аз таъсисдиҳандагони ҲНИ дасти рости Абдуллои Нурӣ ва писараш Муҳаммадиқболи Садриддин, Неъматулло Кабутов, Носиҳиддин Қаюмов, Мирзоев Абдуқаҳор, Шаҳло Насруллоева ва дигарон дар сӯҳбат изҳор доштанд, ки оилаи онҳо оилаи носолим буд. Фарзандонашро (13 фарзанд дошт) ба мактаб рафтан намемонд. Худ дар ягон ҷо кор накарда, бо фиреб додани одамон, пул қарз гирифтану барнагардондан  ва ба хариду фурӯши чорво рӯз мегузаронид. Оё аз чунин падари бадахлоқ, ки бо роҳи фиреб аз ҳисоби шахсони ниёзманд рӯз мегузаронид, фарзанди солимро интизор шудан мумкин аст? Ҳеҷ гоҳ! Муҳаммадиқболи Садриддин дар чунин оила тарбия ёфтааст. Аз рӯи гуфтаи ҳамсояҳо ӯ кӯдаки душвортарбия буд. Падари Муҳаммадиқболи Садриддин дар қатори дигар хоинони миллат ба Афғонистон фирор мекунад. Дар ҳамон ҷо ҳам дар вазифаи тақсимоти ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони тоҷик, ки Абдуллои Нурӣ ӯро масъул мегузорад, ба дӯздию фурӯхтани ёриҳои башардӯстона машғул гардида, аз ин ҳисоб маблағи зиёд ба даст меорад. Рафтори беандешонаи падара боис шуд, ки Муҳаммадиқболи 12 – 13 сола аз тарафи қумандони афғон Қумандон Ғулом барои бачабозӣ аз Мулло Шариф, аз  ӯ таълими динӣ мегирифт, харидори карда  шавад. Собиқ қумандони нерӯҳои мухолифини Ҳукумат Ҳаким Қаландаров, Раҳим Каримов ва бошандагони Афғонистон аз ин бешарафии падару писар, ки боиси шармандаги гардида буд, бо як таассуф ҳарф заданд. Шахсе, ки то имрӯз барои қонеъ кардани талаботи ҷисмонӣ ҳамҷинсгароиро давом медиҳад, ҳақу ҳуқуқ дорад, ки бо овардани ояту ҳадис аз инсофу диёнат (ҳол он ки худаш аз даҳҳо одамон пул қарз гирифта барнагардонидаасту дар чандин ҷой хона харида ба иҷора додааст) сухан ронад? Мо сокинони ноҳияи Ховалинг дидем ва шунидем, ки ту Муҳаммадиқболи Садриддин кистию, падарат чӣ касе буд ва чӣ саргузашти бешарафонае доред. Ту бояд баъди ин шармандагие, ки ба сари ту саркардагони ҲНИ оварданд, ба ин ҳизби хунхор нафрати бепоён дошта бошӣ. Вале ту то ҳол роҳи каҷро аз рост фарқ накардаӣ. Ҳол ҳам ғуломи ҳалқабаргӯши хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ҳастӣ. Ҳоҷати шарҳ нест, ки мардум баъди шунидани тарҷумаи ҳоли бешарафонаи ту ва баъди дидани симою суратат дар сомонаи таъсисдодаат дар бораат чӣ мегӯянд. Инро хуб медонӣ. Аз ин рӯ, ту ҳақ надорӣ баъди намоиши ин филм худро тоҷику Тоҷикистонӣ муаррифӣ намоӣ. Туву Кабириву дигар ҳаммаслаконатон хоин ва бадномкунандаи давлату миллат ҳастед. Шумо пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, болоравии сатҳи зиндагии мардуми азияткашидаи тоҷикро чашми дидан надоред.

Шояд баъди намоиши ин филм, ки симои аслии туву Муҳиддин Кабирӣ яке аз модар ва дигар аз падар безорро бо ҳаромхӯрӣ, хоинӣ, мардумфиребӣ, пасттинатӣ,  бешарафӣ, намоиш дод, хомӯш бимонед. Дар акси ҳол чиро интизор шуданатонро худатон хуб медонед. Лаънат ва нафрини халқ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Халилзода Сафар Хоҷа