Хабарҳо

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Модар

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Модар

6-уми марти соли равон дар ноҳия саннаи муқаддас – Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳама кормандони ташкилоту муассисаҳо, масъулини соҳаҳои гуногун бо хушнудиву руҳу илҳоми болида, аз љумла занону бонувон ширкат намуданд. Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия аз тарафи бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг озмуни «Кадбонуи  беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин озмун занону бонувони ҳунарманд, аз ташкилоту муассисаҳо, маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва бархе аз муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, ҳунару маҳорати кадбонӯгии худро ба маъраз гузоштанд. Ғайр аз ин чеварону кашидадӯзон низ маҳорати худро мавриди намоиш қарор доданд. Баъд аз тамошои намоишгоҳ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар толори қасри фарҳанг оғоз гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам суханронӣ намуда, ҳама занону модаронро ба ин рӯзи неку оғози фасли баҳор муборакбод гуфт. Ҳамчунин раис зимни суханрониаш Зан – Модарро беҳтарин олиҳаи ҳусн, офарандаву тарбиятдиҳандаи насли баша рва гармию чароғонии ҳар як хонадон муаррифӣ намуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ба якчанд занҳои фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бошанд, дар ин чорабинӣ руҳу илҳоми занону модаронро бо барномаи консертии худ, ки саршор аз шеъру таронаҳо дар васфи модар буд ва рақсҳои дилошуб болида гардониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *