Хабарҳо

Терроризм вабои аср

      Терроризм вабои аср   

Дар замони муосир авзои сиёсии сайёра  ба кулли таъғйир ёфта, масъалаҳо ифротгароӣ  терроризм ва экстремизм ва мавзӯи доғи рӯз вабои аср табдил ёфтааст.

            Бештар бо ин ва бо аксари мамолики олами ислом гирифтор шудаанд. Боиси ташвиш ва нигарони зиёд аст, ки баъзе аз ҷавонони содда ва аз дину оину фарҳанги ниёгони хеш ноогоҳ ба кӯи гумроҳи рафта, ба доми ин бало гирифтор мешаванду ба ҷони ҷавонаш ҷабр менамояд.

            Аз расонаҳои ахбори омма аён аст, ки мақсад ва ҳадафҳои асосии гуруҳҳои террористӣ қатлу ғорат ва харобкорӣ, афкандани тарсу воҳима дар байни мардум ва ба ин восита ноил гардидан дар ҳадафҳои ниҳоии худ мебошад.

            Доираҳои муайяни манфиятхоҳ, ки ба мақсадҳои муаяни сиёсию иқтисодии хеш гуруҳҳои террористиро дастгирию  ҷонибдорӣ  менамуданд, имрӯз аз идора кардани онҳо оҷиз мондаю аз хеши “ақраби дар романи худ парварда азият мекашанд”. Масалан гуруҳӣ террористии  “ Толибон ”, ки дар Афғонистон аз ҷонибӣ Амрико дастгирӣ ва маблағгузорӣ мешуд , баъди ба хоки ин кишвар сар даровардани Амрико ҳам омилҳои террористи худро дар хоки Афғон қатъ накарда , то кунун идома дода истодааст.

            Якчмзро набояд фаромӯш сохт, ки дар сурати ба фазои орому осудаи кишвари мо роҳ ёфтани “ вабо-и ” асри боиси нооромӣ ва халалдор гардидани зиндагии орому осоиштаи мардум мегардад, зеро ҳамон  навъе, ки ба ҳама айён аст террорист на дин дораду на мазҳаб . Онҳо ба касе  раҳму шафқат намекунанд.

            Вақтҳои солҳои охир сиёсатшиносонро ба ин хулоса овард, ки дигар имрӯз давлатҳои алоҳида дар танҳои бар  зидди ин падидаи манфи-терроризм , эктремизм ва ифротгароӣ мубориза бурда наметавонад. Пас муборизаи беамон ва имконнопазири алайҳи ин гуруҳу ҳаракатҳои манфи вазифаи кулли инсонияти  солимақли сайёра мебошад. Вале дар кишвари мо, ки ин ҳаракатҳоро  ҳизбҳои ифроти сар надаровардаанд, онро пешгири кардан мумкин аст.

            Ҳар як нафари худогоҳу  бедордилро лозим аст, ки муқобили ин падидаи манфур муборизаи беамон барад. Зеро нафаре, ки ба вартаи гумроҳӣ афтода , ба доми ин бало гирифтор мешавад, бунёди худро ба дасти худ хоҳад сӯхт. Бисёр муҳим аст, ки инро ба мардум  махсусан, ҷавоно фаҳмонем, то онҳо ҳушёру бедор бошанд.

            Биандешем,ки дар сурати ба фазои кишвари азизи мо роҳ ёфтани ин падидаи номатлуб, ба сари мардуми мо чи балоҳое хоҳад омад.

            Имрӯз моро лозим аст, ки ҳушёру бедор бошем, худогоҳу хештаншнос буда, дар ободу сарсабз ва боз ҳам тенҷу осуда гардидани Тоҷикист они азиз саҳми худро гузорем.    

          Мушовири шуъбаи маориф                                  Абдусаид Амирсаидов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *