Хабарҳо

ТЕРОРИЗМ

  ТЕРОРИЗМ

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ин зуҳури терроризму экстроризм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир  як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардидани мулки ғарибӣ гардидаанд, ки дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебурданд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои терроистиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

Таҳлили матолиби нашрнамудаи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрати  ҷаҳон мебошад. Вале дар навбати дуюм ҳамон кишварҳо худро ҳамчун мубориз барои аз байн бурдани терроризм нишон медиҳанд, ки ин албатта сару кор гирифтан аз стандарти духура мебошад, ки кишвари моро маҳкум менамоянд. Мутаасифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда, кишварҳоеро ба монандӣ, Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутаасифона ба вуҷуд омадани давлати ба ном Исломии Ироқу Шом дар чанд соли охир, амалҳои террористиро дар ҷаҳон ба қадри баландтарин даҳшату ҷаҳолат оварда расонид.
Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намуданду бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таасуф аст. Дар Ватан модарону пайвандони онҳо бо ғаму дарди зиёд зиндагӣ доранд. Қисмати дар ҷаҳон боқимонда бошад аз рӯйи бемаърифатии мо бедорӣ ба сӯйи  модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин рӯ аз ҷавонон даъват ба амал  меорем, ки зиракии  сиёсиро аз даст надиҳанд ва  худро қурбони ин гуна ҳарактҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим, аз Ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *