Эътирофи Чакан эътирофи миллат аст
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пажӯҳишҳо аз ҷониби олимон оид ба чакан ба роҳ монда шуданд ва дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чакан ба феҳристи фарҳанги ѓайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ба феҳристи мазкур ворид шудани чакан ва ҳунари чакандӯзӣ, барои муаррифии он дар миқёси ҷаҳон ва ҳифзу идомаи анъанаҳои чакандӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Чакан чун намуди либоси миллии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам муаррифӣ шудааст, ки ба симои бонувон ҳусни дигар зам мекунад. Ин матои гулдӯзиро бонувони тоҷик дастӣ медӯзанд.
Чакан аз чанд намуд иборат аст, ки яке аз гулдӯзишудаи он кунгура ном дошта, таҷассумгари покию хушрӯзгории бонувон арзёбӣ мегардад. Панҷаҳои сабзи чакан бошад, пайки омадани фасли баҳор ва ҳамешасабзиву ҳаёти ҷовидонаи инсонро нишон медиҳад. Ҳамчунин, ҳар гули чакан як рамзу нишони арзишҳост.
Чакан таърихи чандҳазорсола дошта, аз замони ориёиҳо то ба даврони мо омада расидааст.
Дар сарчашмаҳо омадааст, ки чакан таърихи беш аз 1800-сола дошта, намунаи нахустини онро бостоншиносон дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор вилояти Хатлон пайдо карданд.
Ҳунари чакандӯзӣ ҳамчун як унсури ҳувияти миллӣ аз замонҳои пеш то ба имрӯз нақши гуногунро дар ҷомеа дорад. Гулҳои чакан рамзи офтобу моҳтоб ва ахтарон, инчунин нишонаи фарҳанги зебоию зебопарастии мардумон аст
Санъати чакандӯзӣ бештар дар тоқиҳои занонаву мардона, рӯймолу сарандоз, куртаву миёнбанд, ҷомаву чодар ва дигар сару либоси арусӣ истифода мешавад
Чакандӯзӣ ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва як навъ зебоипарастӣ мебошад. Ҳар як гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст.
Он гувоҳи ривоҷу маънавӣ, ѓояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ѓании халқамон дарак медиҳад.
Он воситаи таҳия ва ороиши либосу маҳсулоти маишии хонавода (чодар, парда, пироҳан, бардеворӣ, болишт) буда, дар ҳамаи хонаводаҳои кишвар ба назар мерасад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат таваҷҷӯҳ ба омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихиву фарҳангӣ зиёд гардид ва хушбахтона, дар ин давра, аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расиданд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ворид гардидани “Чакан” ба феҳристи фарҳанги ѓайримоддии ЮНЕСКО аҳамияти хоса касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои таърихии зиёд дорад ва метавонад ҳар сол чандин номгӯйи фарҳанги ѓайримоддиро ба ЮНЕСКО пешниҳод намояд.
Боиси хушнудист, ки ин намуди санъати миллии тоҷик, ки қабл аз ҳама бозгӯйкунандаи таърихи пурѓановати фарҳанги миллати тоҷик мебошад, дар радифи 40 унсури мероси фарҳанги ѓайримоддии давлатҳои ҷаҳон ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.