Сухани табрикии
раиси ноҳияи Ховалинг
бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ховалинг
22 марти соли 2019
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу субот дурахшон, парчами ваҳдат парфишон ва зиндагии осоишта ҳукмрон буда, шукргузорем, ки ба Ватани маҳбуби мо Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзу хуррам фаро расид.
Бо самимият ва фараҳмандӣ сокинони сарбаланди ноҳия ва меҳмонони гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи фархундапай, ки яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад, самимона муборакбод мегӯем.
Ҳамдиёрони азиз,
Наврӯз ҳамчун айёми эҳё ва шукуфоии табиат дилу андешаҳои некро ба ҳам меорад, одамонро ба ободкорӣ амалҳои саховат ва хайру савоб ҳидоят намуда, ба инсон нерӯ ва шодиву сурур мебахшад.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, аз замонҳои қадим бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат халқҳоро гирди ҳам овардааст.
Наврӯз дар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адолат бунёд гардида, хирадро бар ҷаҳлу зулмат фирӯз гардонидааст.
Чуноне ки ҳар яки мо шоҳидем имрӯзҳо халқҳои сайёра беш аз ҳар вақта ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд. Наврӯз метавонад ҳамчун оини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад.
Маҳз сифатҳои инсонпарварона, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил дода, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуда, бори дигар собит намуд, ки одамони сайёра ба оини фарҳангиву инсонпарваронаи Наврӯз эҳтиром дошта, онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву шукуфоӣ эътироф менамоянд.
Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз арзёбӣ гардида, мардуми шарафманди ноҳияи Ховалинг низ дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми арзанда доранд.
Дар арафаи ҷашн аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти ноҳия ҳамчун дастовези наврӯзӣ як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, боварӣ дорем, ки минбаъд низ сокинони шарафманди диёрамон бо меҳнати софдилона ҷиҳати рушду шукуфоӣ ва фардои гулафшони Ватан саҳмгузорӣ менамоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар доираи суннатҳои неки наврӯзӣ ҳар яки моро мебояд кишту кор, бунёди боғҳо, ободонию хуррамгардонии муҳит, оростани кӯчаву маҳалҳоро дастаҷамъона идома диҳем, зеро ин амал беҳтарин василаи баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон ба ҳисоб меравад.
Ноҳияи зебоманзари мо табиати биҳиштосо ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ дошта, бо ҳунармандони моҳир, косибону аҳли фарҳанг метавонад ҳамчун минтақаи сайёҳӣ низ инкишоф ёбад.
Дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моро мебояд шароити сайёҳиро дар мавзеҳои хушманзараи ноҳияамон густариш дода, ҷиҳати рушди сайёҳии кишвар низ саҳмгузор бошем.
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз сарчашмаи маънавӣ, воситаи муҳими дӯстии халқҳо, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда маҳсуб ёфта, ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои созандагиву ободкорӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии ҷашни бузурги аҷдодиро ба тамоми мардуми меҳнатдӯсти ноҳия ва меҳмонони азиз табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандиву саодат ва фатҳу иқболи тозаро таманно дорем.
Бигзор ин ҷашни фархунда ба мулки зебои мо нишоту шодмонӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ, дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтӣ ва сулҳу ваҳдатро чун ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ ато намояд.
Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамдиёрони азиз!