Натиҷаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2019
Санаи 13-уми апрели соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид. Дар ин маҷлиси васеъ мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, коллективи кормандони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Ҳамчунин, дар маҷлис намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирзода Ҷурахон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кулоб Абдулмумин Ҳасанов ширкат доштанд.
Маҷлисро раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам кушода, меҳмононро аз номи кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг хуш омадед гуфт ва сухани маърузавиро ба муовини раиси ноҳия Аҳрорзода Гулбарг Шариф дод. Муовини раис зимни маърузаи худ иброз дошт, ки раёсату кумитаҳо, шуъбаю бахшҳо, Ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба иҷро расониданд.
Таъмини нақшаҳои андоз, кам кардани бақияпулиҳо, фаъолияти самараноку шаффофи андозсупорандагон дар ин давра дар назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошт. Дар натиҷа, нақшаи андозҳои давлатӣ пурра ва барзиёд таъмин гардиданд. Дар ин давра ба маблағи 4 миллиону 964 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷети маҳалии ноҳия ворид гардид, ки баробари 105,4 фоизи нақша мебошад.
Ҳамзамон баробари таъмин гардидани моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва нақшаву уҳдадориҳо, аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет нисбат ба хароҷот барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва ободонии ноҳия 605 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба шароиту имкониятҳо ва дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 302 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ин лиҳоз раёсати молия, нозироти андоз, бахши иқтисод ва савдо ва дигар мақомотҳои мазкурро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба бенизомӣ дар истифодаи воҳидҳои корӣ, ба ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ чораҳои иловагӣ андешида, камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.
Ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 8 миллиону 468 ҳазору 300 сомонӣ ворид карда шуд, аз ҷумла фонд аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ 106,8 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра аз тарафи бонкҳои дар ноҳиябуда, ба соҳаи кишоварзӣ 651 ҳазору 400 сомонӣ, тиҷорат ва соҳибкорӣ 364 ҳазору 500 сомонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва истеъмолӣ 1 миллиону 5 ҳазору 800 сомонӣ, ҳамагӣ 1 миллиону 931 ҳазору 700 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки ин нишондиҳанда 138,0 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба филиали бонкҳои дар ноҳиябуда зиёда аз 2 миллиону 647 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ҳам нисбат ба соли гузашта 10 фоиз коҳиш ёфтааст .
Дар ҳамин давра барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муайян ба анҷом расонида шуда, 3 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда аст ва дар маҷмуъ 222 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Музди миёнаи меҳнат ба 1 ҳазору 156 сомониву 26 дирам расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 41 сомониву 67 дирам афзудааст.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва вазифаҳои ба миёнгузоштаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар ноҳия корҳои муайян ба иҷро расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19 миллиону 698 ҳазору 900 сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 14 миллиону 670 ҳазору 700 сомонӣ ё ин, ки 57,2 фоизи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ нисбат ба соли гӯзашта беҳтар гардида, ба 1-уми апрели соли равон 76,1 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо ба соҳаи сохтмон 5 миллиону 952 ҳазору 500 сомонӣ ё ин, ки нисбат ба соли гузашта 3 миллиону 717 ҳазор сомонӣ зиёд ба иҷро расидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сафедшаҳрак (барои 320 ҷойи нишаст бо маблағгузории Дирексияи сохтмонҳои асосии назди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Лоҳутӣ (барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ), 10 синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби деҳаи Сангрезгӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо суръат идома дошта, дар деҳаҳои Токак ва Қадаҳӣ ба сохтмони биноҳои замонавии муассисаҳои таълимӣ шуруъ карда мешавад.
Аҳрорзода Гулбарг иброз дошт, ки ба корҳои ободонӣ, таъмиру тармими қубурҳои ба оби нушокӣ таъмин намудани аҳолӣ, тозагӣ, беҳдошти роҳҳои пиёдагарди марказ ва маҳаллаҳо, ба кабудизоркунии маркази ноҳия ва тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия диққати зарурӣ дода шуда, зиёда аз 25 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва 30 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуд ва дар ин самт корҳо дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 7 миллиону 543 ҳазору 400 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 357 ҳазору 100 сомонӣ зиёд буда, 106,5 фоизро ташкил мекунад.
Ҳоло ҳам масъалаи ба кишти картошкаву сабзавот ва дигар зироатҳои обӣ омода намудани қитъаҳои замин, киштгардон, чорабиниҳои ҳосилхез намудани замин, тоза кардани ҷую заҳбурҳо дар ҳамаи минтақаҳои ноҳия беҳбудиро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, дар мавзеъҳои поёни деҳаи Ҷомбахт, заминҳои болои деҳаи Таги Ҷар, қитъаи Тутак, заминҳои мавзеъи Сангдара, Дашти Бед, ки аслан ба кишти зироатҳои обӣ машғуланд кишту кори баҳорӣ хуб ҷараён дорад.
Соли гузашта ва дар ин давраи соли ҷорӣ барои ба оби полезӣ таъмин намудани хоҷагидорон аз тарафи раиси ноҳия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои зиёди корӣ ба анҷом расонида шуд.
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ҳар ваҷаб замини обиро самаранок ва ба мақсади таъмини аҳолии ноҳия ба картошка ва сабзавоти истеҳсоли худӣ истифода намоем, ки ин аз ҳар як заминистифодабаранда масъулияти ҷиддиро талаб мекунад.
То имрӯз кишти зироатҳои кишоварзӣ 6 ҳазору 842 гектарро ташкил намуд, ки аз ин 5 ҳазору 346 гектарашро ғалладонагиҳо ташкил мекунад
Дар ин давра аз тарафи масъулони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ, чорводорӣ, занбури асал ва моҳипарварӣ, ки дар ҳамкорӣ ба мақомотҳои марказӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ давра ба давра амалӣ мегарданд, корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.
Ҷихати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ, 12 гектар боғҳои куҳна барқарор, бунёди боғҳои нав ба 137 гектар расонида шуд, ки аз ин 2 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ пурра ва барзиёд таъмин гардид. Саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,9 фоиз, саршумори моли майда 101,1 фоиз, аспҳо 101,0 фоиз, паранда 101,7 фоиз, наслгирӣ аз ҳар сар чорвои калон 104,8 фоиз, моли майда 100,0 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи чорводорӣ, гушт (104,9 фоиз), шир (104,8 фоиз) ва тухм (104,9) нисбат ба соли гузашта барзиёд ба иҷро расидаанд.
Таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, чорабиниҳои таҳлилию тарбиявӣ, бо мутахассисони зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, ки ба пурра ҷалб намудан ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон мусоидат мекунад, беҳтар гардид.
Ба вазъи демографии ноҳия аҳамияти зарурӣ дода шуда, аз ҷумла таваллуд 266 нафар, вафот 37 нафар, никоҳи 91 оилаҳои ҷавон, бекор намудани ақди никоҳ 8 адад ба кайд гирифта шудааст.
Ҷиҳати омодагии ҷавонон ба хонадоршавӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, амалҳои пошхӯрдани оилаҳои ҷавон ва дигар чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ корҳои муайян амалӣ гардидаанд.
Дар ҳамин давра нафақапулию имтиёзҳои нафақагирон пурра пардохт гардида, ба маблағи зиёда аз 68 ҳазору 300 сомонӣ ба онҳо ва ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои эҳтиёҷманду зарардидагон аз офатҳои табиӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шудааст.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 20810 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 52 адад, толорҳои варзишӣ ба 9 адад расонида шуда, бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 3 медал, аз ҷумла 1 медали тилло ва 2 медали нуқра гардиданд.
Дар ноҳия 2 ширкати туристӣ ва 2 меҳмонхонаи хурд фаъолият доранд.
Теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 23 нафарро ташкил медиҳанд.
Маорифчиёни ноҳия дар доираи омодагиҳо ба ҷашну маъракаҳои сиёсию фарҳангии соли 2019 корҳои зиёди аҳамияти баланди таълимию тарбиявидоштаро ба анҷом расониданд. Дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ, аз курсу семенарҳои такмили ихтисос ва аз аттестатсия гузаронидани омӯзгоронро таъмин намуданд.
Дар ин давра 47 нафар хонандагон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳо сазовори медал гардиданд.
Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 12 ҳазору 164 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 920 омӯзгор таълим медиҳанд. Аз ин шумора 258 нафарашон занон, 588 нафар бо маълумоти олӣ, 37 нафар олии нопурра, 295 нафар бо маълумоти миёнаи махсус аз онҳо 37 нафар ғоибона идомаи таҳсил дошта, дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.
Дар ноҳия 2 муассисаи интернати наздимактабӣ бо фарогирии 214 нафар тарбиятгиранда, 1 адад боғчаи бачагона бо фарогирии 75 нафар, 1 маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб ва 45 адад марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 601 нафар амал карда истодаанд.
Аз 893 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 670 нафар ба маркази тестӣ ҳуҷҷат супориданд. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 112 фоиз расонида шуда, нисбат ба дурнамои барнома 11 адад зиёд мебошад.
Инчунин, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфхонаи иловагӣ дар назди 2 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дошта, дар муҳлатҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 45 духтур, аз ин шумора 27 нафар бо категорияи олӣ ва 287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият карда истодаанд.
Беморхонаи марказӣ аз 5 шуъбаи бистарикунонӣ, 2 шуъбаи ёрирасон ва 1 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар ин давра ҳамагӣ 402 бемор бистарӣ карда шуда, аз ин шумора 387 бемор табобат ёфтаанд.
Шумораи умумии фавтидагон 37 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 1 нафар кӯдакони то синни 5-сола мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ ба 23,9 ҳазор сомонӣ ё ба 93,6 фоиз расонида шуд.
Дар давоми сол 12 бемори сили фаъол ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 12 нафар бистарӣ карда шуданд. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза зидди бемории сили ноҳия 16 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ мебошанд.
Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 24 ва вируси норасоии масунияти одам 16 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ ба иҷро расидааст.
Дар ин давра 588 адад муроҷиатхо ба қайд гирифта шудааст, ки аз он муроҷиатҳои хаттӣ 441 адад ва шифоии шаҳрвандон 146 адад ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, ба 440 муроҷиатҳои хатӣ ва ба 130 муроҷиатҳои шифоҳӣ ҷавоби қаноатбахш гардонида шуда, 21 муроҷиатҳои хаттӣ ва 6 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ дар истеҳсолот қарор доранд.
Бо вуҷуди ин дар фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия камбудиҳои ислоҳталаб вуҷуд доранд. Моро зарур аст, ки вобаста ба таъмини андозҳои давлатӣ, кам кардани бақияпулиҳо, тезонидани сохтмонҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, корҳои оммафаҳмонию таблиғотӣ, тадбирҳои иловагӣ андешем ва боварӣ дорем, ки мардуми ноҳияи Ховалинг, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ва Барномаи рушди корҳои созандагию ободонии ноҳия дар давраи солҳои 2018-2021, дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.18, № АП 1059 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». аз уҳдаи ислоҳи камбудиву норасогиҳо пурра мебароянд ва дар ободониву шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро мегӯзоранд, – гуфт Аҳрорзода Гулбарг.
Сипас, раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам баҳри бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо ба ҳар як масъул супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, ба нозироти андоз, сардори райёсати молия, бахши иқтисод ва савдо ва дигар масъулин перомуни ҷамъовари маблағҳои бақияпулиҳои андоз ҳарф зад. Сардорони идораи кишоварзӣ ва кумитаи идораи заминро оиди назорати заминҳо ва самаранок истифода бурдани онҳо таъкид намуд.
Раиси ноҳия ба сардорону роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва масъулини ин соҳа перомуни фапъолияти назаррасашон ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мазкур ҳарф зад. Ҳамчунин қайд намуд, ки бемориҳои сироятӣ нисбати солҳои пешин зиёд гардидаанд ва масъулинро мебояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Оиди ҷалби ҷавонон ба ҳунару касбомӯзӣ ва дарёфту ҳавасманд гардонидани занону бонувони ҳунарманд бахши ҷавонон ва занони ноҳия, масъулини ҷамоатҳои деҳот ва шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия супориш гирифтанд. Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати кишоварзии минтақаи Кулоб Абдулмумин Ҳасанов ва намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Кабирзода Ҷурахон суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро оиди натиҷаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 ва иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагии ҳамаҷониба ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.