Омӯзиши раванди буҷети Тоҷикистон
ва ташаккулёбии буҷаи маҳаллӣ
Ҳафтаи сипаригардида аз тарафи барномаи грантҳои хурди дастгирии идоракунии молияи давлатии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ ба миён омад. Мавзӯи семинар-машварат омӯзиши раванди буҷети Тоҷикистон ва ташаккулёбии буҷаи маҳаллиро дар канор мегирифт.
Дар семинар-машварат мутахассис-машваратчӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шариф Ҳусайнов, мудири бахши иқтисод ва савдо Ҳабибулло Ҳикматуллоев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Садои кӯҳсор” Авазхон Сироҷов ва муҳосибону иқтисодчиёни ташкилоту муассисаҳои марбута, инчунин мутахассисону намояндагон аз дигар ташкилоту муассисаҳо ширкат намуданд. Сараввал роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Садои кӯҳсор” Авазхон Сироҷов суханро ба мудири бахши иқтисод ва савдо Ҳабибулло Ҳикматуллоев дод. Мавсуф перомуни мавфҳуму мундариҷаи Барномаи грантҳои хурди дастгирии идоракунии молияи давлатии шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баромад ва суханронӣ намуд.
Сипас, мутахассис-машваратчӣ оид ба муқовимат бо коррупсия Шариф Ҳусайнов дар тақвияти гуфтаҳои Ҳабибулло Ҳикматуллоев, инчунин гирди аҳамияти лоиҳаи мазкур, ки онро шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушод”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда, онро Вазорати Рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Садои кӯҳсор” дар ноҳия амалӣ карда мешавад, ибрози ақида намуд.
Ҳамин гуна дар семинар-машварат, ки атрофи як мизи мудаввар дар толори ташкилоти ҷамъиятии “Садои кӯҳсор” ҷамъ омада буд ширкатдоштагон як-як аз шӯнидаву хулосаҳои худ ҳарф заданд.
Дар ҳамин нишаст иштирокдоштагон атрофи лоиҳаи дигар “Буҷаи шаффоф-пешрафти ҷомеа!” низ гуфтушунид карданд.
Ироа ба маврид аст, ки лоиҳаи мазкурро низ Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда, онро Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Садои кӯҳсор” дар ноҳияи Ховалинг амалӣ карда мешавад.