Хабарҳо

АЗ ХИЁНАТҲОИ СОБИҚ ҲНИТ

АЗ ХИЁНАТҲОИ СОБИҚ ҲНИТ

Дар даврони Шуравӣ дин падидаи зараровар, занҷири пои прогрессу тараққиёт дониста шуда, мудом бар зидди он мубориза бурда мешуд. Дар ҳамаи донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ таълиму тарбия характери зиддидинӣ дошт.

Баъди пошхурии давлати Шуравї сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба дин пурра тағйир ёфта , зимнан тамоми шароитҳо барои рушду ривоҷи дин муҳайё мебошад.

Дар солҳои даврони Шуравї дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17- адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард ва 30- нафар шаҳрвандон озими «Хонаи Худо» Ҳаҷи Акбар гардида буданд. Имрўз бошад дар муддати 26 соли Истиқлолияти давлатӣ 4000 масҷидҳо фаъолият доранд зиёда аз 250 ҳазор шаҳрвандон ба таври расмї дар дохил ва хориҷи кишвар таълими динї гирифта, дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон 1500 донишҷў таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин зиёда аз 20 китобу рисолаҳои гуногуни динӣ, бахусус Қуръони Карим тарҷума ва нашр карда шудаанд. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби мо тоҷикон Абуҳанифа Нўъмон Ибни Собит- Имоми Аъзам ва монанди инҳо далели равшани таваҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳанг ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷик мебошад.Бо вуҷуди ин гуфтаҳо дар даврони Истиқлолият дар Љумҳурї даҳҳо ҷунбиши ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Аммо мутасифона таъсири дин на барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва беҳбудии ҳаёти халқ, балки барои тафриқа ва ҷудоиандозї ба тундгароию экстремизм, ғасби ҳокимият равона шуда буд.

Меоем ба сари мақсад ва ёдовар мешавем, он рузҳои даҳшатбори солҳои 1992-ро ,маҳз бо таъсиррасонии ҲНИТ ва пайравони Ў ҷараёнҳои «Ваҳобия ва салафия», «Ҳизбут- таҳрир», «Ҳаракатҳои Исломии Ўзбекистон» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротї мардуми Тоҷикистон ба гурўҳҳо ҷудо шуда, кишварро ба дараҷаи фалаҷи расониданд ва кўшокушї сар шуда, мардуми Тоҷикистон фирори гардид. Падар бо писар, духтар бо модар ва бародар бо бародар бо якдигар душман шуданд. Тариқи садою симо гиряю мотами зани тоҷик дили бинандаро реш-реш мекард.

Тавре, ки вақтҳои охир пурра маълум шуд ин ҳама бесарусомониҳо аз ҷониби ҲНИТ ва пайравони он сар задааст.

ҲНИТ 4-декабри соли 1991 ташкил гардида, 28.09.1999 ва баъдан 15-октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсї аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Гарчанде, ки оинномаи ҲНИТ аз ҳифзи Истиқлолияти сиёсї, иқтисодї ва фарҳангї, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон , Ваҳдати миллї ва ҳамзистии бародарони халқҳои Тоҷикистон иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти терористию экстремистӣ доштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мегардад.

Ин равияҳои номатлуб давлатҳои абарқудрати тамоми гушаю канори ҷаҳонро ба доираи манфиатҳои ҳайётан зарурии худ дохил менамояд, Њодисаҳои дар Ироқ, Миср ва Сурия ҷалби ҷавононро ба ин давлатҳои Исломӣ таъмин намуда, вазъи сиёсии оламро ноором месозанд. ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, тоҷиконро ба тарзи зиндагии асрҳои миёна боз гардонанд. Маҳз бо гуруҳҳои ифротӣ шомил намудани ҷавонон, қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷониби ҲНИТ аъзоёни он ва ҷараёнҳои Ваҳобияю Салафия, ки имрузҳо дар Тоҷикистон ҷавононро гумроҳ намуда, ба амну субботи мардум халал мерасонад.

Барои инсон хоҳ зан бошаду хоҳ мард беҳтарин хислат доштани одоби накў аст, зеро Қуръон саропо одоб аст. Имрўзҳо намояндагони 425 дини ҷаҳон дар ҳайратанд, ки чаро исломи поку беолоишро ба гуруҳҳо тақсим намуданду якдигарро терор мекунанд.

Ҳинду Чин 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду тариқи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мо, мусулмонон 1- Худо , 1 Пайғомбар дорем ва пайваста ҷанг мекунем ва бо таъсиррасонии гуруҳҳои ифротӣ, дину мубини Исломро ба ҷараёнҳои Сунї ва Шиъа душман сохта, якдигарро қатл мекунанд.

Исломи нобу таълимоти покизае, ки аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Ал- Бухорї ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик ба мо ёдгор мондааст, ки дар рушду нумўи илму маърифати Исломӣ саҳми босазо доранд, фаромуш нашуданист.

Дар таърихи 29- январи соли 2016 сохтори минтақави зидди террористии созмони ҳамкории Шанхай , дар мувофиқи бо феҳристи ягонаи созмонҳои терористи экстремистӣ ҲНИТ – ро таҳти рақами 79 ба руйхати ташкилоти терористӣ ворид намуд, яъне 8-кишвари бузурги ҷаҳон ташкилоти террористи будани ҲНИТ-ро эътироф кардаанд.

Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як маротиба дар доми ҳомиёни ҲНИТ ва пайравони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд, имруз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гуруҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем.

Дустдоштани Ватан фарз бошад биёед баҳри амну субботи Тоҷикистони азизамон , зиндагии осоиштаи мардум ҳиссаи арзандаи худро гузорем, нагузорем, ки нохалафе амну субботи кишвари азизамонро халалдор созад.

Мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Ҷ. Одинаев

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *