Хабарҳо

Терроризм аз дидгоҳи Ислом ва диншиносон

Терроризм аз дидгоҳи Ислом ва диншиносон

Зери мафҳуми «терроризм» маъноҳои зиёди бадию бадбахтӣ, ки дар он ягон зарра хубияту некӣ дида намешавад, пайдост. Терроризм ба маънои террор-пароканда кардан, қатлу ғорат, тарсу ҳарос, ваҳшат андохтан дар миёни омма мебошад. Аз ин хотир ҳеҷ давлати дунё ва маданияти башар ин амали ваҳшониятро намехоҳанд. Аз дигар рӯ фикр кунем он гуруҳҳое, ки зери ниқобу ливои Ислом худро ҳамчун ғамхори мардуму ислом медонанд ба кадом хотир хоби нози кӯдаки маъсумро аз чашмонаш мепаронанд, дар кадом асос занони оҷизу нотавонро мерабоянд ва мекӯшанд ё ба кадом далелу шаръ оби чашми фарзандеро мерезонанд? Кадом дин, кадом шариат барои чунин кор иҷозат додааст? Ҳеҷ дин, ҳеҷ кас ва ҳеҷ куҷо. Барои дарки пурраи мафҳуми терроризм ва мақсади террористону ифротгарон ва инкионҳо чӣ гурӯҳе ҳастанд аз нигоҳи инсоният, аҳкоми дин ва инсон сӯҳбате оростем бо сархатиби масҷиди марказии ҷомеи ноҳияи Ховалинг Абдулҳамид Одилов, ки эшон солҳои зиёд ҳамчун воизи масҷиди марказӣ ба мардуми ноҳияи Ховалинг хизмат мерасонанд.

-Назари Шумо ҳамчун диншинос оиди терроризм чист?

Терроризм гуфта ин худ ҳолатест, ки аз барои халалдор намудани сӯлҳу субот миёни ҷомеа мебошад. Чуноне, ки Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд барои ором будан, яъне амнияти мардум агар ягон суннате аз ман бошад, тарк кунед, зеро амнияти мардум афзалтар аст.

-Ин гуруҳҳои ҳаросафкане, ки аз номи Ислом амалиёт мебаранд аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст, киҳо бошанд, ки чунин таблиғот доранд?

-Ин гурӯҳҳое, ки то имрӯз бо шиор ё зери ливои Исломӣ таблиғот мебаранд мақсади ягонаашон фикр мекунам он аст, ки ҳокимият ва давлатдориро ба даст гиранд, ки ин муғризона аст. Агар ба хотири дини мубини Ислом мубориза мекарданд ё мекунанд Ислом дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки қатлу куштор ва ғорат анҷом дода шавад.

-Оё дар китоби муқаддаси Қуръони карим оиди ин ҳаводис ягон дидгоҳе гуфта шудааст, ки шояд гуруҳҳо ё чунин қавме пайдо шавад?

-Дар замони пеш аз Ислом ҳамин гуна нооромиҳо буд. Баъди пайдо шудани дини Ислом мардум оҳиста-оҳиста ба амният расиданд ва ба Ислом рӯ оварданд. Инчунин, бо пайдо шудани қавму қабила ё ҷамъияту гурӯҳҳо мазҳаб пайдо шуд, ки ҳар қавму қабила аз дину аҳком ва мазҳаби худ баҳс мекард, ки ин боис мешуд ба халалдории ҷамъият ва сари баҳсҳо нооромӣ ба миён меомад. Хушбахтона, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Эмоми Аъзам эълон гардид, ки дубора қадру мазаллати мазҳаби ҳанафӣ, ки хислатҳои покию ростиро дар хеш дорост, баланд бардошт, ки ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти давлат баҳри оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон буд.

-Оиди ҷиҳод чӣ гуфтание доред ва он нафароне, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ рафта ҷиҳод мекунанд аз ҳақиқати ҷиҳод чӣ фарқ дорад?

-Ҷиҳод ба маънои том барои ҳама халқият фарз аст, аммо на ин ки аз ин давлат рафта дар дигар давлат ҷиҳод кунӣ. Ривояте ҳаст, ки: «Дар замони Расули Акрам(с) як ҷавон пеши Пайғамбар омад ва гуфт: Мехоҳам ҷиҳод кунам. Пайғамбар гуфт: Падару модар дорӣ? Гуфт: Оре дорам. Пайғамбари Худо ба он ҷавон гуфт: Рав хизмати падару модаратро адо кун, ки ин аз ҷиҳод дида беҳтар аст». Мутаасифона, ҷавонони имрӯза ба дарки ин мафҳум сарфаҳм нарафта, баръакс аз падару модар ҷудо мешаванд ва оби дидаи онҳоро рехтаву нигаронашон кардаанд.

Хизмати падар модар ва хизмати ватанро кардан ин худ ҷиҳод аст. Ба фикри шахсии ман ҷиҳод кардан дар он давлатҳо барои эҳёи дини Ислом несту баръакси он аст. Ҷиҳод ба маънои ҷаҳд кардан, талош кардан низ ҳаст. Мисол барои ободонию зебогардонии ягон гӯшаи диёр дастаҷамъона рафтану хизмат кардан ин ҳам ҷиҳод аст.

Барои пешбурд ва таблиғот гурӯҳҳои мухолиф ё ифротгаро ба фикри Шумо аз куҷо маълумоти иғвогаронаи ба ном аз Ислом дастрас мекунанд, ҳамчуноне, ки яроқу аслиҳаро дар ҳоле, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон як қонуну қоидае доранд дар нигоҳдории яроқу аслиҳа ва хариду фурушӣ он?

Ба фикри ман бо як мисоли одӣ гирем, агар дар сари одам кулоҳи сояафкан набошад, инсон наметавонад болои сараш соябонӣ кунад. Шояд бошад гурӯҳҳои нохалафе, ки ободӣ, озодӣ ва истиқлолияти халқи ҷаҳонро намехоҳанд, ба чунин роҳу восита оромии ҷомеа ва ҷаҳонро халалдор месозанд. Хариду фурӯши яроқу аслиҳа ва пайдову тарғибот намудани маълумотҳои иғвогарона низ тавассути чунин ашхос ба миён меояд.

Шумо айни ҳол сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг ҳастед ва нисбати он нафароне, ки аз ин гурӯҳҳо пайравӣ мекунанд чӣ назаре доред?

Касоне, ки гурӯҳҳои нохалафро тарафдорӣ мекунанд, аввалан имонашон заиф аст, агар сари имону Ислом даъво дошта бошанд. Дигар ин ки мо дар мавъизаҳое, ки дар вақтҳои намоз мегузаронем ба тамоми мардум, хусусан ҷавонон хитоб мекунем, ки ба хондану донишомӯзӣ машғул бошанд, касбу кор омӯзанд, кӯшиш намоянд фирефтаи ягон нафар ё гурӯҳе нагарданду худ ва хонаводаи худро зери хатар нагузоранд. Аксари он касоне, ки дар ин гурӯҳҳо шомиланд, на дониши динӣ доранд, на дониши дунявӣ, балки аз рӯи нодониву ҷаҳл рафтанд ба сӯи торикиву гумроҳӣ.

Оиди ваъдаҳои гурӯҳхои ифротгаро, ки ҷавононро ба ҷиҳод ҷалб менамоянд, чӣ гуфтаниед?

Чи гуна, ки дар боло оиди ҷиҳод ва мафҳуми он гуфта гузаштем, аслан ҷиҳод аз барои Худои якка ва ягона аст, барои ободию беҳбудии миллату ватан аст. Онҳое, ки рафта барои пул ҷангиданд мақсади онҳо дарёфти маблағ аст, на ҷиҳод. Яъне онҳо бо роҳи фиреб зархарид шуданд. Овозаҳо ҳам паҳн мешаванд, ки ифротгароён ваъдаҳо доданд, ки чунину чунон мекунем, вале вақте, ки рафтанду фиреб хӯрданд, ҳатто ҳамон шиносномаҳояшонро гирифта натавонистанд, ки ба ватани худ баргарданд.

Нигаронии Шумо дар ин бобат чӣ ҳаст ё чӣ кор бояд кард барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавии онҳо ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ?

Албатта ин ҳолатҳо хеле нигаронкунанда аст, аввалан падару модарро мебояд дар масъулияти фарзандон ҷиддӣ бошанд. Инчунин, ба ҷавонон панду насиҳат додан зарур аст, то аз оқибатҳои шуму ҳаводисҳои ин гурӯҳҳо бохабар бошанду ба ҷангу ҷидол бо чашми нафрат нигаранд. Дар дили онҳо меҳри диёр, меҳри падару модар ва муқаддасоту арзишҳои миллии кишварро ҷой намудан зарур аст.

Барои як мусоҳибаи пурмӯҳтаво ба Шумо арзи сипос мекунам, умедворам, ки хонандагон ва ҷавонони мо ҳангоми мутолиаи ин аз найрангу оқибатҳои шуму ваҳшатноки ин гурӯҳҳо огоҳ мегарданду пайи рафоқату ҳамдилӣ, ободию созандагии диёри азизи хеш талош менамоянд.

Сармуҳаррири рузномаи

“Ҳақиқати Ховалинг”                                             Заробиддини Ализода.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *