Хабарҳо

Заминаҳо ва сабабҳои пайдоиши террроризм

Заминаҳо ва сабабҳои пайдоиши террроризм

Тавре, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст. Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори миллатанд беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар,Ҷаноби Оллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро соли ҷавонон эълон кард. Аз ин бар меояд,ки давлати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари миллат баҳри он кушида истодаанд, ки барои ҷавонон ҳама гуна шароитҳоро ба вуҷд биёранд, то ин, ки дар арсаи байналхалқи онҳо тавонанд ватани худ.Тоҷикистони азизро муаррифи намоянд. Мутаасифона аз солҳои 60 –ум сар карда дар ҷаҳони имрӯза проблемаҳои ҷаҳони аз ҷумлла гармшавии иқлим, ба охир расидани сарватҳои зери замининӣ аз ҷумлла нефт, газ ва uайра масъалаи демографи, масъалаи ба оби нӯшокии тоза таъмин намудани худ ва дигар масъалаҳои доuи рӯз ,ки барои кайфияти иқтисодии онҳо халал мерасонад ва онҳо барои ба даст даровардани ин боигариҳои аздастрафтаистода, аз ҳисоби дигар халқияту миллатҳои мазлуми қафомонда ё дар ҳолати рушд қорордошта кушиш ба харҷ дода истифоданд ,ки ҳар гуна ташкилот , ҳизбҳо созмон дода дар он амалиётҳои терористӣ ва ифротгароии худро , ки аслан мақсадашон бесарусомонӣ ва uасби ҳокимияти давлатиро дар назар доранд, ташкил дода, бештар амалиётҳои худашонро махфи ташаккул дода, аксари ин ташкилотҳо аз номи поки ислом ё муборизаҳои исломӣ ё ин, ки гуё исломро муҳофизат мекарда бошанд, баромад намуда, ба номи поки ислом ки худ аслан покизагист, илм омухтан, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ,- доштан аст бадноми меоваранд.

Ба ин гуруҳҳо аз ҷумла давлати исломиии Ироқу шом (ДИИШ), ки аз соли 2013 дар Сурия ва Ироқ амал мекунад. Ҳаракати Ваҳобия, ки дар асри XVIII дар Арабистони Сауди ба вуҷуд омад, ки асосгузораш Муҳаммад ибни Абдулваҳоб мебошад.

Равия салафия – дар Осиёи миёнаба вуҷуд омада аз калимаи салафи – солеҳ аз калимаи арабии салафа – гузаштагони накукор.

Ҳаракати ҳизбуллоҳ (аз калмаи арабии ҳизби худо)

Ташкилоти террористии Ҷундуллоҳ (аз калимаи арабӣ- Ҷанговарони худо

Ташкилоти – Ихвон-ул муслимин) (аз калимаи араби- бародарони мусалмон)

Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ, ки соли 1993 таъсис ёфтааст зиёда аз 200 –амалиётҳои террористиро анҷом додааст ва дигар – ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремисти ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо дар замони ҷаҳонишави ва пробилемаҳои глабалии ҷаҳони ҳозира каме оҷиз монда, мавқеи худро аз даст додаанд ё ин, ки аз даст дода истодаанд.

Чуноне,ки дар боло маълумот додем, гурӯҳҳои нобурдаи ифротӣ ва террористӣ ба ҳама халқу миллатҳо алоқа барқарор намуда, мехоҳанд аз бесаводию ноуҳадабароии баъзе ашхос истифода бурда онҳоро гумроҳ созанд ва минъбад онҳоро ба муқобили халқҳои худашон, падару бародарони худашон сафарбар намоянд. Онҳо ҳама усулу роҳро ба кор бурда кушиш менамоянд, ки дар ҷомеъа низоъ, норозигиро ба вуҷуд оранд ва то бархурди онҳо ва нест сохтани забону маданияту тамаддуни онҳо камари ҳимат мебанданд.

Онҳо асланд ақидаҳои монархистии асримиёнагиро сарчашмаи қонун ва ақидаҳои худашон эълон намуда ҷазодиҳии гунонгун аз ҷумла сангсор карданд, дор кашиданд, сар буридан,зинда дар равuани ҷушонидашудаистода дохтани одамон, буридани даст, бини,гуш,забон,ва дигар узвҳои инсон ба сар кардани фаранҷин аз тарафи занон, тарконидани шахсиятҳои шинохта, тарконидани шаҳрҳо ва ҷойҳои муқаддасро пешаи кори худ карда,бо ин роҳҳо дар ҷомеъа ва байни мардум ҳамчун фашистони асри ХХ1 баромад намуда дар дохили давлат миллат нобовариро ба ҳокимияти мавҷуда ба вуҷуд овардани шуда, тарсу ҳарос ва ноумедиро дар дили мардум ба вуҷуд оранд.

Хулоса мо халқи овозадоро таърихии ориёи – тоҷикон то дар бадан ҷон дорем,чун Куриши Кабир бо дигар халқу миллатҳо муносибат хоҳем кард.

Мо ҳамчун Исмоили Сомони Ватанамон Тоҷикистонро аз дилу ҷон месозем ва чун Спитамену Темурмалик ва Восеъи қаҳрамон то дами охирин бо сухан, бо илм, бо дӯсти, бо хун ва -тан, бо ҷон ҳифзаш мекунем.

Мо ҷавонони зодаи замони истиқлолият бо хуну ҷон, бо ҳар ваҷаб замини Ватан бо тамоми каму косташ, буду набудаш қасам мехурем,ки доимо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузории Сулҳу Ваҳдати Милли, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони намуда, тайёр ҳастем, ки барои муҳофизати Тоҷикистони азиз, барои муҳофизати Истиқлолият ва Ваҳдати миллї инчунин сиёсати инсондӯстонаи Ҷаноби Олї як не садбор бимирему аз нав зинда шавем.

Зинда бод сулҳу салоҳ дар сайёра!

Нест бод тероризм ва экстремизм!

Муаллими фанни таърихи

муассисаи таҳсилоти миёнаи

умумии №6-и н.Ховалинг. Сафаров Раҳматулло Абдулоевич

.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *