Хабарҳо

Террористон зери ливои дигар бояд саф кашанд!

Террористон зери ливои дигар бояд саф кашанд!

Ҳамагон медонанд, ки солҳои охир нооромиҳо дар саросари ҷаҳон авҷ гирифта истодааст, ки ин кулли мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз ҳама асос гурӯҳҳои муташакили террористӣ ва экстремистист, ки на ба хонадони худ на ба хонадони кас ва на ба давлату миллати хешу бегона раҳм намекунанд. Ҳар боре, ки аз наворҳои телевизионӣ ба чашм мерасад, ки чи қадар занону кӯдакон, маъюбон, пирону барҷомондагон гирёну нолон кунҷи сарҳади мулкҳои бегона қарор гирифтаанд, ҷойи афсус аст.

Бехонумон кардани ҳазорон инсонҳову озору азияти онҳо аз ҷумла занону кӯдакон ва пирони барҷомонда аз ҳеҷ дину мазҳаб нест ва кори разилонаи берун аз инсоният аст. Ва ташкили ин гуна гуруҳҳои бераҳму бешафқат низ кори ашхоси берун аз одамиву инсоният ва разил мебошад. Бояд гуфт, ки барои шомилшавӣ ба ин гуна дасисаҳо, ба ин гурӯҳ ашхос касоне ҳастанд, ки онҳо низ аз инсонгарӣ, меҳру самимият, ишқу муҳаббат нисбат ба ватан, модар, миллат ва ҳатто хеш ҳеҷ буй намебаранду ашхоси нодону гумроҳе ҳастанд.

Барои мисол бояд гуфт, ки шомилшавии ҷавонон дар гурӯҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ, ки мақсади ягонаи худро барои ташкили давлати исломи мебинанд, аз ислом ҳеҷ чиз намедонанд. Онҳое, ки бо ин гурруҳо шомиланду дар иртибот касоне ҳастанд, ки аз нодонӣ ҷои кору фаъолият наёфта, ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷират рафта, оҳиста ба онҳо пайвастанд.

Аз таърихи ислом ёдовар мешавем, ки онҳое, ки бо паёмбари гиромии ислом барои ҷори кардани дини мубини ислом ҷиҳод карданд, сарбозони ҷонфидои ислом буданду аз аҳком ва ақоиди ислом бохабар. Алҳол онҳое, ки зери ливои бегонапарастӣ саф кашиданду гӯё даъвои имону ислом доранд, оё аз ислом чизе медонанд, оё онҳо кули тавсири ин китоби муқаддасро аз бар кардаанд? Оё онҳо ба кули забони Қуръонро медонанд? Не ҳаргиз! Пас фарқ миёни инҳову миёни мардони замони Паёмбар барои ҷиҳод чанд аст.

Аз замин то осмон фарқ мекунад, ки инҳо на барои ислом, на барои дин, на барои мардум, балки барои ҷоҳу ҷалол талош доранд ва тарсу ҳарос андохтан дар дили омма барои ашхосест, ки пушти парда мемонад.

Як чизи аз ҳама муҳимро бояд қайд кард, ки кули мардуми сайёраи замин аз ҷумла ин душманони башар ва хоинони миллати худу олам медонанд, ки Ислом динест, ки дар он шаку шубҳа вуҷуд надорад, динест, ки яктопарастии воқеист, аз ин рӯ фирефтан бо ин роҳ осонтар аст, гӯён ҳадафи шуми худро зери ин ливо қарор доданд. Ҳол он барои ҷиҳод дар роҳи ҳақ роҳу корҳои зиёде аст. Хизмат ва ватан миллат, мардуми худ ин як ҷиҳод аст, ки агар мардони фидои хоҳанд хизмате дар ислом ва мардум дошта бошанд. Куштану тарсу ҳарос андохтан дар дили мардум, таркондану террор кардан, худро миёни инсонҳои бегуноҳу бехонаву дар тарконидани онҳо оё аз ислом аст? Ҳамин гуна рафтору амал оё дар ягон ҷои ислом омадааст? Не пас маълум мегардад ин на аз ислом аст на аз дини дигаре.

Барои мардуми шарафманди тоҷик рушан аст, ки ҳодисаҳои соли 90-уми Тоҷикистони азиз низ аз зумраи чунин равияҳову шахсони ифротӣ буд. Бояд мардуми сарбаланди тоҷик он рӯзи сахте, ки бар сари миллати худ омад, аз хотир набароварда ҳамчун як сабақ аз гузашта дар хотир гиранд ва падару модарон бештар ба тарбия хонаву фарзандон аҳамият дода нагузоранд, ки фарзандонашон зери таъсири ҳар гуна фикру ақидаҳои номатлуб қарор гиранд.

Маҳз ҳамин қувваҳои ифротгаро бо истифода аз рӯҳониёни мутаасиб, аъзои Ҳизби наҳзади исломи Тоҷикистон, ки барои амалҳои хиёнаткоронааш дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳар як падару модар муаззаф аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода, дар қалби фарзанд аз хурдӣ меҳру садоқат ба хоку диёр, ватану миллат, расму оини аҷдодиро ҷой созад, то замони камолот фарзандон шахсони содиқ ба ватану миллат ба камол расидаву умр ба сар баранд.

Барои ҳар як шахс хок, замин, хона, миллат, мардум, ватан чизи аз ҳама азизу муқаддас аст. Аз ин рӯ набояд барои беарзиштарин чизу бо фиребу ваъдаҳои бардуруғ худро нороҳату парешону ошуфта, хоби ширину бароҳатро аз чашми тифлакону аёли хеш дур созем.

Ҷавонмандони тоҷик ва ҳар як шахси ватандор бояд заррае ба саҳлангори роҳ надиҳанд ва нагузоранд, ки ин хоинони миллат ба кучактарин ҳадафи хеш бирасанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *