Сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи диёр муждаи ободонӣ ва созандагист. Ин навбат низ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооте, ки аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бунёд шудаанд, ифтитоҳ карда мешаванд.
Сафари кории Президенти мамлакат аз шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон, ғаллакорон, чорводорон ва дигар ризқофарони вилояти Хатлон оғоз гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара нахсут аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.
Ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз яке аз калонтарин ва пешқадамтарин ноҳияҳои аграрию саноатии кишвар ба шумор меравад. Хоҷагидорони ноҳия дар таъмини аҳолии кишвар бо ғалла, тухмии зироатҳо, хошок ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Дашту саҳрои фароху заминҳои нопайдоканори зироатҳои гуногун, иқлими мусоиди рушди соҳаҳои зироаткорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва таҷрибаи бойи андухтаи меҳнаткашон ноҳияро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур кардааст.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи меҳнаткашони вилоят натиҷаи меҳнати сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии он ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.
Зимни боздиди Сарвари давлат таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии бештари аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Ҳамасола кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин ва интихоби тухмиҳои хушсифат майдони кишти зироати гуногун ва боғоти содиротиро бештар намуда, баробари таъмини талаботи дохилӣ ба хориҷ аз кишвар ҳам дар ҳаҷми зиёд маҳсулот содир менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ба 797 миллиону 254 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 миллиону 508 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 109 дарсадро ташкил додааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ дар ҳамаи бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, дар ин давра 191 миллиону 630 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш 129,2 фисадро дар бар мегирад ва ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 43 миллиону 258 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кишоварзон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ заҳматкашони вилояти Хатлон дар майдони 308 ҳазору 124 гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ мондаанд, ки 109 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар ин давра 129 ҳазор 906 гектар ғалладонагиҳо, 130 ҳазору 898 гектар зироати техникӣ, аз ҷумала пахта, 19 ҳазор 19 гектар сабзавот, 6 ҳазору 526 гектар картошка, 11 ҳазору 627 гектар полезиҳо ва 10 ҳазору 148 геткар хӯроки чорво кишт карда шудааст.
То имрӯз ҳосили 500 гектар ғаллазор ҷамъоварӣ гардидааст, ки кишоварзон 1 ҳазору 750 тонна маҳсулот ба даст овардаанд ва ин нишондод нисбат ба ҳамаи давраи соли гузашта 760 тонна зиёд мебошад.
Аз майдони 6 ҳазору 891 гектар сабзавот бошад, то имрӯз 186 ҳазору 302 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта 71 ҳазору 210 тонна бештар аст.
Аз майдони умумии зироати картошка бошад, ҳосили 1 ҳазору 396 гектари он гирдоварӣ ва 22 ҳазору 388 тонна ҳосил ба даст омадааст, ки дар қиёс ба ин давраи соли гузашта 13 ҳазору 373 тонна зиёд мебошад.
Тавре кишоварзони вилоят таъкид медоранд, соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили сабазвоту меваҷот нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёд буда, заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавонистаанд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ раванди содироти онро ба хориҷ аз кишвар ҳам суръат бахшанд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз майдони умумии боғҳои ҳосилдиҳандаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 ҳазору 388 тонна маҳсулот, аз ҷумла гелос, олу, шафтолу ва зардолу ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбати соли гузашта 1 ҳазору 571 тонна зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии ҳосили боғот то ба ҳолати 17 майи соли равон 13 ҳазору 113 тонна маҳсулот содирот шудааст.
Иброз гардид, ки ин омор дар муқоиса ба соли гузашта аллакай 5 ҳазору 691 тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 12 ҳазору 292 тонна пиёз ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон ва Украина содирот шудааст.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, ду намуд картошка, ду намуди помидору бодиринг, карам, гулкарам, сирпиёз, пиёз, каду, қаламфури булғорӣ, кабутиҳо, мевагиҳо, зардолу, гелос, ҳандалак, себи пешпазак, шафтолу олуболу, лимӯ, қулфинай, лаблабӯи сурх, 8 намуд ғалладонагиҳо, асал, молу маводи истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ пешкаш гардид.
Маҳсулоти тару тозаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар растаҳо ба намоиш гузошта шуда буд, аз рушди муттасили ин соҳа ва заҳмати шабонарӯзии меҳнаткашон шаҳодат медод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону хоҷагидорон ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ҳамасола дар пайи амалӣ гардидани ҳадафҳо дар самти афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар сатҳи зиндагии хоҷагидорону кишоварзон беҳтар мегардад.
Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар миқёси вилоят назаррас буда, заҳматкашон ҳамасола бо афзун намудани шумораи оилаҳои он даҳҳо тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю серғизо ба даст меоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол шумораи оилаҳои занбӯри асал дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 60 ҳазору 950 оиларо дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 оила зиёд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо таҳсину офарин хонданд. Сарвари давлат онҳоро барои омӯзонидани нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят карданд.