Хабарҳо

Аз терроризм ва ифротгароӣ дурри ҷӯед

Аз терроризм ва ифротгароӣ дурри ҷӯед

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин дар зери ниқоби «ҷиҳод» мафҳуми «терроризм» ва «террорист» мебошад, зеро афроде, ки ба ин роҳ меравад миллат ва дину мазҳаб надоранд. Мутаасифона баъди аз хоки Сурия ронда шуданашон қисме аз аъзоёни бо ном Давлати Исломӣ ба давлати ҳамсояи мо кишвари Афғонистон паноҳ бурдаанд ва метавонад омили эҷод кардани нооромӣ ва хатар ба амнияти кишвар гарданд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки фирефтаи ҳеҷ афроди бадтинату гурӯҳи манфиатҷу нашуда, ҳамеша дар пайи омухтани илму дониш бошем, зеро ҷомеаи солимро маҳз насли солим месозад ва Ватанро обод мегардонад. Тоҷикистони азиз тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаст ва моро лозим аст, онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша ҷонибдори дарёфти роҳҳои ҳалли мусбии проблемаҳои умумибашарӣ мебошад ва беҳуда нест, ки пешниҳодҳои Сардори давлати тоҷикон дар хусуси ҳалли қазияи Афғонистон бо роҳхои мусолиматомез, ки аҳмияти минтақавию ҷаҳонӣ дорад пайваста дар минбарҳои баланд ва бонуфуз садо медиҳад. Ташаббусҳои роҳбари кишвари мо дар ҳали проблемаҳои вобаста ба об дар саёра аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид маротибаи дуюм ҷонибдорӣ ва пазируфта мешаванд. Ин ҳама нишона сулҳу суббот, нишонаи он аст, ки дар кишвари мо оромию осудагӣ тинҷию Ваҳдати комил таъмин аст. Албатта фаромуш набояд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Истиқлолият ҳифзи манфиатҳои мили ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо чиқадар ҷонбозиҳо , саъю талошҳо ва пошфишори аз худ гузаштаниҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ, Пешвои миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар алангаи ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ба даст омадаст.

Ва мо ҷавононро лозим аст, ки дар замони соҳибистиқлоли барои омӯзиши илму ҳунар ва аз худ кардани техналогияи муосир, саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти илму ҳунар ва аз худ кардани технологияи муосир дар ободонии ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Маъмурияти литсей-интернати давлатии

н.Ховалинги ҷ/д Шугнов деҳаи Шугнов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *