Хабарҳо

Терроризм – зуҳуроти харобиовар

ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАР

Терроризм чист ва он чӣгуна падидаест? Бисёриҳо дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши дуруст надоранд, ин падидаи манфиро вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣмекунанд. Яке онроҷангимуқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, савумӣ афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст.

Терроризми исломӣ ҳам мисли дигар амалиёти террористӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд ислом зӯроварии ғайриқонунӣ ва ғайри шариатиро рад мекунад. Дини мубини ислом талқингари он аст, ки ҳар мусулмон бояд оила, дин ва ҷамъияти худро аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳимоя намояд. Ин на бо он маъност, ки баҳри расидан ба ин мақсад хуни бегуноҳон рехта шавад, ғасбу таҷовузи бегонагон сурат гирад.
Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд? Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимиятаст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирдомадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирдовардааст. Дар аксари мавридҳо сабаби асосии ин муноқишаҳо мушкилоти сиёсию иқтисодӣ буда, дин барои онҳо ҳамчун восита ва силоҳ хизмат мекунад. Инро дар мисоли воқеаҳои Фаластин, Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон мушоҳида кардан мумкинаст. Мақсади террористон бештар мазмуни миллатгароӣ ва мазҳабпарастиро дорад. Барои ҳамаи ин гурӯҳҳо ҷангҳои хонумонсӯз хосаст.
Акнун назаре ба таърихи амалиёти гурӯҳҳои террористӣ. Амалиёти ин гурӯҳҳо таърихи дуру дароз дорад. Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву аъроб, ки мардумро ба қатл расонда, тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салибӣ, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон нисбат ба халқҳои эронитабори Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги фашистии Олмон, ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва ғайра бозҳам қуввати бештарро дар худ касб кардаанд. Дар амалиёти онҳо ягон зарра падидаи мусбат дида намешавад, ҳарчанд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдӣ барои тақвияти фикрашон Искандари Мақдуниро чун шоҳи одил ба сифати идеал қабул кардаанд. Ин тамоман гапи дигараст.
Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Ишғолгарон ба сари мардуми бумӣ, яъне қабилаҳои сурхпӯст (апачиҳо) бало оварданд.

Имрӯз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе ҳанӯзҳам вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин ворид шавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди солим фикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, боназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд . Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президент ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳаргуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

 

 

Омузгори фанни таърих ва

ҳуқуи М.Т.М.У №4                                                                   Бозоров А

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *