Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия се масъала мавриди муҳокима қарор гирифт

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардид.

Дар кори иҷлоссия ба ғайр аз вакилон, муовинони раиси ноҳияи Ховалинг, сардорони раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Иҷлосияро муовини авали раиси ноҳия Рауфзода Саймумин Тоҷиддин кушода, рӯзномаи маҷлисро, ки иборат аз се масъала буд:

-дар бораи тасдиқӣ озод намудани Мирзозода Музаффар Бурҳон аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;

-дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Марвориди Одина аз ҳавзаи интихоботии №5 ва Ғоибназарова Гавҳарбӣ аз ҳавзаи интихоботии №12;

-дар бораи  таъсиси комиссияи ноҳиявӣ ва таъйин намудани интихобот оид ба  интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг дар ҳавзаи  интихоботии №5 ва 12 бар ивази вакилони хориҷшуда, ба ҳозирин шинос намуд.

Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Рауфзода Саймумин Тоҷиддин суханронӣ намуда, қарори озод намудани Мирзозода Музаффар Бурҳон аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлонро барои тасдиқ намудан ба вакилон пешниҳод намуд ва вакилон якдилона овоз доданд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис вакил Хайруллозода Фирдавс баромад намуд.

 Ҳамчунин аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома маҷлис, таъсиси комиссия ва ташкил намудани интихобот роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Ҳусейнзода Файзулло Қурбоналӣ суханронӣ кард.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *