Маориф Суханрониҳои раиси ноҳия

Набизода Фаррухиддин Амрудин оид ба самти фаъолияти шуъбаи маориф дастур дод

 

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин бо кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ коллективи кормандони шуъбаи маориф ва  директорони  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва асосии ноҳия ҳузур доштанд.

Мавзӯи суҳбат, шиносоии роҳбарияти имрӯзаи ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухдиддин Амрудин бо кормандони шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, ва шиносоӣ аз вазъи ҳар як муассиаи таълимӣ буд.

Зимни суҳбат муҳтарам Набизода Фаррухдиддин Амрудин барои дар амал тадбиқ намудани ҳама он дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бобати  соҳибкасбу рушд додани насли наврас ва забондонии онҳо ба масъулин суҳбат оростанд.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағаймурод Холов оид ба норасогӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт, ҳарф зад ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин тасмим гирифт, ки барои бартараф намудани ҳар як камбудиву норасогӣ камари ҳиммат мебанданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *