Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои “Иди харбуза”, “Иди кадуи хонапуркун”, “Иди ангур”, “Иди асал”, Фестивали “Оши палав” ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, ки рӯзи 24-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар макони тантанаҳои идонаи кишоварзони зарофар ва ҳунармандони асил, дар маҷмуъ шумораи зиёди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо хушнудии беандоза ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар ин чорабинии бошукуҳ ва доманадор намояндагон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок карда, дар фазои орому осудаи Ватан маҳфилу озмунҳои гуногун доир намуданд. Ҳар як Ид дар алоҳидагӣ ва бо пешниҳоди анвои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ таҷлил карда шуд. Ба таври густурда ба маъраз гузошта шудани навъҳои гуногуни ҳосили зироати полезӣ, сабзавот, асали табиӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда дар ин чорабинӣ бозгӯкунандаи заҳмати пайвастаи кишоварзони меҳнатдӯстдори вилояти Суғд мебошад.
Дар “Иди асал” занбурпарварони 15 шаҳру ноҳия, намояндагони Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангал ва Ассотсиатсияи занбурпарварони вилоят бо шавқмандии зиёд иштирок намуданд. Дар баробари ба маъраз гузошта шудани номгӯи гуногуни асал, ҳамчунин дар намоишгоҳ дигар намуди маҳсулоти занбуриасалпарварӣ, аз ҷумла шири модазанбур, гарди гул, мум ва ғайра ба тамошо гузошта шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд 68 ҳазору 950 оилаи занбури асал мавҷуд мебошад ва соли гузашта аз ҷониби занбурпарварон ба миқдори 211 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли равон бошад дар вилоят 289 тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.
Дар гӯшаи чорабиниҳои “Иди харбуза”, “Иди кадуи хонапуркун” ва “Иди ангур” хоҷагидорони 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар растаҳои алоҳида маҳсули меҳнати хешро ба намоиш гузоштанд. Пирамидаҳо ва хаймаҳо дар ин намошгоҳи доманадор, ки бо истифода аз харбузаю тарбуз, каду, ангур, ҳосили дигар навъи зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили мавиз, мурраббо, афшӯраҳои гуногун ва ғайра басо ҷолиб оро дода шудаанд, аз завқи баланди зебоипарастии дастандаркорон дарак медиҳад. Тибқи иттилои масъулон соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 5570,5 гектар зироати полезӣ, аз ҷумла 1613 гектар харбуза, 3899 гекта тарбуз ва 57,5 гектар каду кишт кардаанд. Дар соли 2018 аз ҷониби кишоварзони вилоят ба миқдори 108 ҳазору 68 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли заҳмати вилоятро шоистаи таҳсин ҳисобида, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд. Баргузории чунин як чорабинии бошукуҳро бо фарогирии чанд иди миллӣ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим шуморида, таъкид доштанд, ки маҳз ин омил дар муаррифии маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю баландсифати мамлакат боис мегардад.
Дар заминаи ташкил намудаи чунин чорабиниҳои муаррификунанда ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Ба маълумоти масъулон дар шашмоҳаи аввали соли равон аз қаламрави вилояти Суғд ба миқдори 194 ҳазору 857 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содирот шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазору 850 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 – уми августи соли 2019 шанбеи сеюми моҳи август “Иди ангур” ва шанбеи сеюми моҳи сентябр “Иди себ” эълон гардидааст. Дар ин рӯзи хушу хотирмон ва бори нахуст дар қаламрави ҷумҳурӣ “Иди ангур” бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дастовардҳои меҳнатии хешро ба маъраз гузоштанд. Ток ва ҳосили он дар маъракаи сирф миллӣ – “Иди ангур” ба таври зинда ва бо тарҳи ҷолиби диққат гузошта шуд, ки ҳавасмандӣ ва маҳорати баланди токпарварони вилоятро таҷассум мекунад.
Имрӯз дар вилоят дар масоҳати 9723 гектар ангурбоғ мавҷуд аст ва соли гузашта токпарварон ба миқдори 44 ҳазору 741 тонна навъҳои гуногуни ангурро истеҳсол намудаанд. Дар намоишгоҳ ҳамчунин дигар навъи ҳосили зироати кишоварзӣ ва меваҳои шаҳдбори тару тоза ва инчунин коркардшуда ба маъраз гузоштанд. Тибқи иттилои масъулон майдони умумии кишоварзии вилоят дар мавсими имсола ба 223 ҳазору 197 гектар баробар гардидааст, ки нисбат ба як соли пеш 1036 гектар зиёд мебошад.
Фестивали “Оши палав”, ки дар ин макони тантанаҳои идона ба таври хос баргузор гардид, шумораи зиёди ошпазҳои моҳирро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳам овард. Дар ин Фестивал Оши палавро дар 18 дег, аз ҷумла дар ду дег бо ғунҷоиши беш аз як тоннаӣ омода намуданд. Ин навъи хӯроки миллӣ бо истифода аз номгӯи гуногуни биринҷ ва хос ба минтақаҳои мамлакат пухта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ, ки дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” ташкил гардид, дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ нонпазҳои моҳир намунаи нонҳои хос ба минтақаҳои вилоятро омода карда, ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби нонпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 8 танӯр номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ омода намуда, пешниҳоди иштирокдорон карданд. Дар ҳамин ҷо занони ҳунарманди вилоят ба таври рамзӣ ҳавлии тоҷикона ташкил намуданд, ки басо диққатҷалбкунанда мебошад.
Сипас аз рӯи чор номинатсия – “Зуволатоби беҳтарин”, “Ороиши беҳтарини нон”, “Нони бомаззатарин” ва “Калонҳаҷмтарин нон” даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” ҷамъбаст гардид.
Дар доираи баргузории идҳои миллӣ ҳамчунин маҳфилу озмунҳои “Ороиши хаймаи беҳтарин”, “Оши палави беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Ошхури беҳтарин” ва “Харбузахури беҳтарин” доир карда шуд. Иштирокчиёни озмуну мусобиқаҳои зикргардида баҳогузорӣ шуданд ва ғолибон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.