Ташрифи меҳмонон ба ноҳияи сайёҳии Ховалинг
Аз шарофати қудуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг таи ду моҳи соли равон тамоми маконҳои таърихиву дидании ноҳияи Ховалинг серодаму пурмеҳмон гардидааст. Рўзҳои наздик бо шумораи 50 нафар аз меҳмонону сайёҳон аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон азми сарзамини бостонии Ховалинг гаштанд.
Меҳмононро дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Искандар Бобоназаров, мудири бахши зан ва кор бо оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҳбуба Абдураҳимова бо дилгармӣ истиқбол намуданд. Ҳамчунин, дар ин сафар роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати расмӣ низ онҳоро ҳамроҳӣ карданд. Дар деҳоти Лоҳутӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунару малакаи онҳо баҳои баланд доданд. Мавриди қайд аст, ки ҳангоми дидори меҳмонон ва сайёҳон аз мавзеъҳои таърихии деҳаи Чепи-вол ва ҳузури онҳо дар ин макон як бунгоҳи тиббии наву замонавӣ бо истиқлоли меҳмонон ба истифода дода шуд, ки шодию нишоти мардуми меҳмондўсту меҳмоннавози диёрро ҳадду канор набуд. Зимнан меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳия, аз қабили «Чилчанор», меҳмонхонаи «Чилчанор», мамнуъгоҳи «Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ», Осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик-Восеъ ошноӣ пайдо намуда, оид ба таъриху тамаддуни ин мавзеъҳо маълумоти бештар дастрас намуданд.
Воқеан, имрўзҳо ташрифи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ноҳия бештар гардида истодааст, ки онҳо низ дар навбати худ ба ин мавзеи биҳиштосо, таъриху фарҳанги бою ғанӣ ва анъанаҳои миллии мардуми миллати соҳибтамаддун баҳои арзанда доданд. Моро низ зарур аст, ки барои нигоҳдории арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, ҳунару анъанаҳои ниёгон, ободу зебо намудани ин макони воқеъан сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ин макон дучанд заҳмату талош ба харҷ диҳем, то дар оянда низ барои насли худ як макони зебову муқаддас ба мерос гузорем.
Нозим Раҳимзода.