Хабарҳо

Ҳимояи наврасону ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав ва ё назаре ба кибертерроризм

 

Ҳимояи наврасону ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав ва ё назаре ба кибертерроризм

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гаравӣ амнияти осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиѓоти нерӯҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».

 

Дар замони муосир ба амнияти миллии давлатҳо, ба сиёсату сохтори давлатдорӣ, ба сохторҳои бонкӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин ба мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои хусусии кишварҳо аз ҳама бештар терроризми компютерӣ ва телефонҳои мобилии ба шабакаи «интернет» пайваста таҳдиди ҷиддӣ доранд. Шабакаи интернетӣ тамоми дунёро фаро гирифтааст. Бо истифодаи технологияҳои муосир ба монанди таҷҳизоти компютерӣ ва телефонҳои мобилию радифӣ метавон аз ҳамаи гӯшаҳои дунё ба интернет пайваст шуд. Бисёре аз соҳаҳои хоҷагии халқи давлатҳо, ба монанди энергетика, нақлиёт, алоқа ва сектори бонкӣ шабакаҳои интернетию компютериро истифода мебаранд. Бо истифода аз ин шабакаҳо метавон фаъолияти давлатро фалаҷ намуд. Аз ин рӯ, барои мақомотҳои қудратӣ ошкор намудани амалиётҳои террористӣ, ки тавассути компютер, телефонҳои мобилӣ ва умуман шабакаи ҷаҳонии интернет анҷом меёбанд, душвор аст. Аз тарафи дигар таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тавассути шабакаи интернет дастрас намудани ҳама гунна аслиҳаи ҳозиразамон ба монанди технологияи аслиҳаи биологӣ, кимиёвӣ ва ҳатто ядроӣ осон буда, террористон метавонанд яроқи худро истеҳсол намоянд ё тарзи идора намудани онро омӯзанд. Мафҳуми «кибертерроризм» маънии босуръати баланд истифода бурдани системаҳои иттиллоотӣ ва тавассути он ба ҳаёти одамон, амният таҳдид намудан, тарсонидан, таъсиррасонӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба ин монанд амалҳоро дорад. Ҳамин тавр, он яке аз шаклҳои терроризми байналхалқӣ мебошад. Кибертерроризм байни давлатҳо низоъ ба амал меорад, аз ин рӯ назар ба муборизаи мусаллаҳона зарари бештар дорад. Зиёни онро ба терроризми ядроӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ баробар кардан мумкин аст. Кибертерроризм ҳудуд ва сарҳади муайян надорад. Он метавонад ба ҳамаи давлатҳо таҳдид намояд. Дарёфт ва бартараф намудани кибертеррорист назар ба ҷинояткории воқеӣ душвор аст. Чунки дар раванди содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳаёти маҷозӣ қариб, ки ноаён мебошад ва аз худ нишон мегӯзорад. Кибртеррористон тавассути шикастани сайтҳо ба сирри махфии мақомотҳо ворид шуда, амалҳои ифротӣ содир менамоянд. Солҳои охир муборизаи иттиллоотӣ махсусан, тавассутӣ расонаҳои иҷтимоӣ бештар гаштааст. Бо истифода аз он гурӯҳҳои тундрав, ҷудоихоҳу фитнаангез наврасону ҷавонон ва афроди ноогоҳ аз донишҳои динӣ ва дунёвиро ба самти хеш мекашанд, то ки ҳадафҳои ѓаразноки ифротии хешро миёни халқу миллатҳо тарѓиб намоянд. Албатта, надоштани донишҳои комили динӣ ва гирифтор шудан ба доми ин бадтинатони курдил тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Саргардонии ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ низ тавассути компютер ва телефонии мобилӣ бо истифода аз расонаҳои иҷтимоӣ чун «Однаклласик», «Фейсбук», «Мессенҷер», «В контакт», «Твитер», «Друг в круг», «Имо», «Вайбер» ва ѓайраҳо, инчунин сомонаҳои хоси таъсисдодаи блогерон ақидаҳои ифротӣ ва нопоки худро паҳн мекунанд. Ҷавонон ва наврасон ба гуфтаҳои ин бадтинатону курдилон, гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаангез набояд бовар кунанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Чавонони азиз. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки Истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед». Наврсону ҷавонони имрӯза масъулияти баланд бар дӯш доранд, онҳо Истиқлолият ва тинҷию аммонии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт намоянд. Барои расидан ба ин мақсадҳо мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки онҳоро аз гаравиш ба тундгароӣ ҳимоя намуда, дар заминаи ақида ва мафкураи миллӣ таълиму тарбия кунем. Танҳо дар он сурат метавон ба ояндаи орому осуда, ватани мардумаш дар Вахдат ва хуррамию шодӣ зиндагидошта эътимод пайдо кунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати м иллӣ-Пешвоимиллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонону наврасон ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва ба ояндаи шукуфони онҳо боварӣ доранд. Зеро «Маҳз наврасону ҷавонон он нерӯи тавонои кишваранд, ки марзу буми Точикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро  ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд».

 

Мавлуда Назарова.