Сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусалаҳ
Баромади табрикии раиси ноҳия оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (рузи 02.10.2019)
Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини муҳтарам!
Тавре огаҳи доред имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва рамзи осӯдагиву оромии кишвар буда, рӯз аз рӯз қавитару пурқувваттар мегардад.
Макомоти ичроияи ноҳия низ дар паи ин мақсаду маром нақшаи чорабиниҳои махсусро амалӣ намуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас ва ҷавонони сини даъватӣ корҳои мушахасро ба сомон расонидааст.
Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, ки дар ноҳия фаъолият менамоянд, суҳбату вохӯрӣ ва корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида, дар замири онҳо ҳисси меҳру муҳаббат ва садоқатро бедор менамояд.
Ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва нерӯи офаранда аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт нақши ҳалкунанда дошта, минбаъд низ тақдири халқу Ватан дар дасти онҳост. Зеро зиёда аз нисфи аҳолиро дар ҷумҳурӣ ва дар ноҳияи мо низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Инкишофу тараққиёти хоҷагии халқ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободию муаррифӣ намудани арзишҳои табиӣ
ва ҳунарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз меҳнати софдилона ва донишу заковати баланди ҷавонони имрӯза вобастааст.
Имрӯз сафарбар намудани ҷавонони ғаюру далери кишвар ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мо низ фарзандони бо ору номуси худро ба хизмати Ватан гусел менамоем.
Муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди комилҳуқуқи Тоҷикистон аст. Таъмини амнияти саросарии кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибонӣ аз сулҳу амният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба хизмати
софдилонаю ватандӯстонаи фарзандони мо вобастагии калон дорад.
Дар шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар, солиму аз ҷихати ҷисмонӣ обутобёфта, забондону соҳибихтисос ва дорои маҳорату малакаи баланди касбӣ ниёз дорад.
Ҷавононе, ки аз тараққиёти илму техника ва технологияи муосир бохабар ва ба ҳама гуна мушкилиҳо тобовар бошанд. Хизмат дар сафҳои Артиши Миллӣ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд бештар ба ҷавонон дарси ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ ва одобу ахлоқ омӯзонем. Онҳоро ҳамтарафа ба хизмати Ватан омода созем.
Аз он сарфарозу ифтихормандем, ки ҳамасола дар сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон фарзандони бонангу номуси ноҳия бо сари баланд хизмати Модар Ватанро ба ҷо оварда, ба ноҳия бармегарданд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия саҳми худро мегузоранд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо фарзандони азизро ба муносибати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона муборакбод гуфта, ба шумо саломатию сарбаландӣ ва ба ҳамаи ҷавонони дар ин ҷо ҳузур дошта, ки ихтиёран хоҳиши дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд, роҳи сафед ва хизмати содиқонаро орзумандам.
Рӯзи сафарбар кунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!