Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019

ҷ а м ъ б а с т и

натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019

Санаи 11-уми октябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷамъбаст гардид. Дар ин маҷлиси васеъ мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, коллективи кормандони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Маҷлисро раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам кушода, сухани маърузавиро ба муовини аввали раиси ноҳия Қодирзода Маҳсиддин Устоғулом дод. Муовини раис зимни маърузаи худ иброз дошт, ки ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар рӯзҳое гузашта истодааст, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ховалинг баъди сафри кории роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ховалинг (рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ) рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар заминаи фармонҳо. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз маҷлисҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору амрҳои раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба иҷро расонидаанд.

Тибқи маълумотҳо нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 ба андозаи 111.0 % иҷро гардида, ба буҷети ноҳия 15869.9 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоят ба буҷети ноҳия 8349,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардидааст.

Нақшаи хароҷот 25742,7 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, 25100,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст ва 98%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97.0%, маориф98,0%, нигоҳдории тандурустӣ 95.0%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0%, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100,0%, фарҳанг ва варзиш 93,0% ва хоҷагии қишлоқ 96% маблағгузорӣ карда шудаанд,-гуфт Қодирзода М. У.

Ба ҳолати якуми октябри соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4981,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 27.0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Дар давраи моҳхои январ-сентябри соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 7137,6 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2953,5ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 13691,4ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи нозироти андоз 117 соҳибкори инфиродӣ бо патент, 15 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 117 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 240,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Дар ноҳия 8 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи азхудкардашуда22600,0 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2020-2025 дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 219653,1 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3842,0 ҳазор сомонӣ кам ё худ 96,4 %-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли орд ба 108,3%,нон ба 110.1%, равғани растанӣ ба 100,3%, гушт ба 103,1% расонида шудааст.

Аз 12 корхонаҳои саноатӣ танҳо 5 корхона фаъолият менамояд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019ба ноҳия43305,0 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти неруи барқ 14.5%-ро ташкил дод.

Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо30747,0 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 6864,8 ҳазор сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 91.1%,аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 90,1%-ро ташкил дод. соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 55899,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3.5 баробар зиёд аст.корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 54664,0 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба маблағи 1830,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар масоҳати 2356 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, иброз дошт, муовини раиси ноҳия.

Дарозии роҳхои ноҳия426 километр. Аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 110,7 километр, аҳамияти маҳаллидошта 115,7 километр ва дигар роҳхо 199,6 километрро ташкил медиҳанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 15,3км роҳхои маҳаллӣ ба маблағи 5280,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон мумфарш гардид.

Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 127 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири ҷории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 243,9 ҳазор сомонӣ ҷудо ва харҷ карда шудааст.

Ҳаҷми боркашонӣ 221,0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 330,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ127998,0ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта254,5 ҳазор сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.

Кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳории соли ҷорӣ 6161 гектарро ташкил намуда, нишондиҳандаҳои соҳа пурраю барзиёд таъмин гардидаанд.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 24 ҳазору 658 сар, моли майда ба 35 ҳазору 267 сар, саршумор парранда ба 31264 сар. Асп ба 2111сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан саршумори чорвои калон 1984 сар, моли майда1357 сар ва аспҳо 19 сар зиёд гардидааст.

Дар мавсими короҳои ободонӣ ва кабудизоркунзиёда аз 29 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва 300 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, мавриди парвариш қарор доранд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 137 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 12 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 11 ярмаркаҳои ҷойи корӣ бо пешниҳоди 50 ҷойи кори холӣ гузаронида шудааст. Барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ муроҷиати 677 нафар ба қайд гирифта шудааст ва аз ин 366 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд.аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 545 нафар ба ҷойи кор таъмин шудаанд.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1281,59 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 55,2 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 4,5%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи муҳоҷирон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ613 нафарро ташкил намуд ва аз он 18 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 4132 нафарро ташкил медиҳад. ки ки аз ин 2263 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, аз ҷумла 1238 нафар аз рӯи синну сол, 452 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ. 155 нафар аз ҳисоби бесаробон мондан. 20 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 4 нафар нафақаи аҳмияти ҷумҳуриявидоштаро ташкил медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 325 сомонӣ рост меояд.

Шумораи ятимону бепарасторон 17 нафарро ташкил дода. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 98,0 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Дар 50 муассисаҳои таълимии ноҳия 12 ҳазору 274 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 936 омӯзгор ва аз ин 258 нафар занҳо таълим медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 588 нафар бо маълумоти олӣ, 37 нафар бо маълумоти олии нопурра, 295 нафар бо маълумоти миёнаи махсус дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.

Дар ин давра аз881 хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 528нафар ба муассисаҳои олию миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд.

Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 112 фоиз расонида шудааст.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 48 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 292 нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурони маълумоти олидор 12 нафар дар беморхонаи марказӣ. 8 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолият мекунанд.

Дар ин давра 848 нафар бемор бистарӣ карда шуда, аз ин шумора 849 нафар бемор табобат ёфтааст. Шумораи умумии фавтидагон 116 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3 нафар кӯдакони то синни 5 соларо ташкил медиҳанд.

Ҳамагӣ дар қайди мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 36 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор дорад.

Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 24 нафар ва вируси норасоии масунияти одам 15 нафарро ташкил медиҳанд.

Шумораи умуми занҳо дар ноҳия 28951 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 31 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 17 нафар вакилони ҷамоатӣ, 11 нафар хизматчии давлатӣ буда, 430 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ ба 22039,1 ҳазор сомонӣ ё ба 105,4% расонида шудааст.

Дар ноҳия 29 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 15 китобхонаи деҳотӣ ва 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Теъдоди фонди китобҳо дар ноҳия 59 ҳазору708 нусхаро ташкил медиҳад. аз ин шумора 27422 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 32055нусха бо забонҳои русӣ ва 286 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мавҷуданд.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 35 номгӯи чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 35368 нафар иштирок намуданд. Шумораи ҷавонон дар ноҳия 20810 нафарро ташкил медиҳад. теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 60 адад, толорҳои варзишӣ ба 10 адад расонида шуда, бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 3 медал, аз ҷумла 1 медали тилло ва 2 медали нуқра гардиданд.

Дар ноҳия 2 ширкати туристӣ ва 5 меҳмонхонаи хурд фаъолият доранд. Теъдоди сайёҳон 26730 нафар, аз ҷумла сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридгардида дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 630 нафарро ташкил медиҳад. дар ноҳия 6 комиссияи доимоамалкунанда ва 29 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 2 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Фаъолияти 3 масчидҳои ҷомеъ ва 54 масчидҳои панҷвақта дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ» ба роҳ монда шуда, дар назорати сохтору мақомоти марбута қарор доранд.

Аз ноҳия таълими ғайриқонунии динии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта нашудааст,-гуфт зимни суханрониаш Қодирзода Маҳсиддин.

Маърузачӣ иброз дошт, ки вобаста ба вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ аз 73 ҷиноятӣ дар ин давра ба қайд гирифташуда 72 ҷиноят кушода шуд, ки 98,6 %-ро ташкил медиҳад. Аз ин ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда 2 адад ба ноболиғон, 14 адад ба ҷавонон ва 1 адад ба занон рост меояд.

Дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи «Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳои ноҳияи Ховалинг дар давраи солҳои 2018-2021» таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шудааст ва зиёда аз 330 номгӯи сохтмони бинову иншоотҳоро дар бар мегирад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба ноҳия ва ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 33 адад бинову иншоотҳо, аз ҷумла ду коргоҳи дузандагӣ, як беморохона. Ду бунгоҳи тиббӣ, се бинои маъмурӣ, се меҳмонхона, чор варзишгоҳи хурд, ду ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгир намудани Парчам ва Нишони давлатӣ, мумфарш кардани зиёда аз 26км ва сангфарш кардани 16 км роҳҳои автомобилгард ифтитоҳ гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 108 сохтмони бинову иншоотҳо ба анҷом расида, мавриди истифода қарор доранд, ки аз нақшаи пешбинишуда 33%-ро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, мақиҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг оид ба кам кардани бақияпулиҳои андозҳо, маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ, вусъат бахшидан ба рушди чорводорӣ, моҳипарварӣ, картошкаю сабзавоткорӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот, дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмони биною иншоотҳои ба нақша гирифташуда, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ, сохтмони коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани чорабиниҳои оммафаҳмонию таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва супоришҳо ҷиҳати таъмини рушди сайёҳӣ, ҳамчунин сари вақт ба анҷом расонидани дастуру супоришҳо оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар баробари ин мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ховалинг аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг (рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ) рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати ободонию бунёдкориҳо, рушд бахшидан ба соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводорӣ, занбури асалпарварӣ, моҳипарварӣ, бунёди роҳҳо. Сохтмони бинову иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, коргоҳҳои меваю сабзавот ва маҳсулоти чорводорӣ, рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ кору фаъолиятро суръат бахшида, ҷашну маъракаҳои сиёсию фарҳангии дар пешистода ва соли 2019-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст менамоянд, -гуфт дар охир муовини раис

Сипас, раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам баҳри бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо ба ҳар як масъул супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, ба нозироти андоз, сардори райёсати молия, бахши иқтисод ва савдо ва дигар масъулин перомуни ҷамъовари маблағҳои бақияпулиҳои андоз ҳарф зад. Сардорони идораи кишоварзӣ ва кумитаи идораи заминро оиди назорати заминҳо ва самаранок истифода бурдани онҳо таъкид намуд.

Раиси ноҳия ба сардорону роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва масъулини ин соҳа перомуни фаъолияти назаррасашон ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мазкур ҳарф зад. Оиди ҷалби ҷавонон ба ҳунару касбомӯзӣ ва дарёфту ҳавасманд гардонидани занону бонувони ҳунарманд бахши ҷавонон ва занони ноҳия, масъулини ҷамоатҳои деҳот ва шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия супориш гирифтанд.