Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муносибати хуб дошта, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Дар доираи Стратегияи нави ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 барои солҳои 2014-2020 ба тасвиб расидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро асосан дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот ба роҳ мондаанд.
Айни замон ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони ифротии Гурӯҳи 24 тавассути сомонаҳои ифротиашон аз хабари сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо сӯистифода намуда, ба танқиди сафари расмии Роҳбари давлат камар бастаанд ва маълумоти бардурӯғу иғвоангез ва тафриқаандозро паҳн намуда истодаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурӯҳи 24 аз ҳар як иқдоми Роҳбари давлат ҳангомасозӣ намуда, аз воқеият сарфи назар мекунанд.
Сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо то андозае ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурӯҳи 24-ро нигарон кардааст, ки қабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба иғвогариву дасисабозӣ машғул шуда, мехоҳанд бо ин роҳ монеа эҷод кунанд ва сади роҳи ин сафар гарданд. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз он хавфу ҳарос доранд, ки ин сафари расмӣ метавонад дар оянда барои онҳо мушкилоти зиёде ба вуҷуд оварад. Чунки дар доираи ин сафари расмӣ имкон дорад тамоми туҳматҳову дурӯғҳояшон барои Иттиҳоди Аврупо ошкор гардад ва онҳоро аз кишварашон хориҷ кунанд. Ташкилоти террористии наҳзатиёнро танҳо кишварҳои Аврупо сарпаноҳ доданд ва онҳо доир ба террористии онҳо ба қадри кофӣ маълумот надоранд. Вале онҳо ба ҳадафи нопоки худ намерасанд.
Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ устуворона қадам гузошта, новобаста аз он ки Иттиҳоди Аврупо ба хоинони миллаташ сарпаноҳ додааст, бо онҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро идома медиҳад ва робитаҳои кишварашро бо Иттиҳоди Аврупо аз қабл дида мустаҳкамтару устувортар мекунад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанд нафари наҳзатии террорист ва дар Иттиҳоди Аврупо зиндагӣ кардани онҳо чандон муҳим нест. Зеро барои миллати тоҷик фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиёни террорист ва Гурӯҳи 24 ошкор гардидааст ва ҳеҷ нафаре ба иғвову дасисаҳои онҳо аҳамият намедиҳад. Барои миллати тоҷик муҳим он аст, ки бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро афзоиш диҳад ва робитаҳоро мустаҳкаму қавитар гардонад.
Итминони комил дорем, ки Роҳбари давлат дар ин сафари расмии худ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, ба мисли қабл дар рушду нумӯи кишвар саҳми боризи худро мегузорад.
Ёралии Набӣ