Хабарҳо

ХОИНОН ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ХОИНОН ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Тавре ки ҳамагон хабардор шудем, шаби шашуми ноябр як гурӯҳи бистнафараи хоинони мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4-и “Ишқобод”-и Қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” ҳамла намуданд. Вале онҳо мақсади шуми худро амалӣ карда натавонистанд. Ин дафъа низ тири душманону хиёнаткорон хок хӯрд. Фарзандони сарсупурдаи миллат тавонистанд, ки понздаҳ нафари онҳоро нобуд ва панҷ нафари боқимондаро дастгир кунанд. Ин корнамоии кормандони мақомоти қудратӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодабошии ҳамешагии онҳо дарак медиҳад. Мутаассифона, дар натиҷаи ин амали нангини душманон ду тан аз фарзандони ҷоннисори ватан ҳалок гардиданд. Онҳо баҳри ҳифзи оромии мо тани худро сипар намуда, нагузоштанд, ки амнияти ватан халалдор гардад. Ин қаҳрамонии кормандони мақомоти қудратӣ арзандаи ҳама гуна ҳамду ситоиш аст.
Ба фарзандони далеру шуҷоъ таҳсину офарин гуфта, ба ду нафар қаҳрамонони шаҳид биҳишти баринро орзу дорем. Номи онҳо ҳамеша дар ёди миллат ҳамчун фарзандони содиқу ҷоннисор боқӣ хоҳад монд.
Мо низ чун дигар сокинони сулҳхоҳи Тоҷикистони азиз ин амали зишти хоинони миллатро маҳкум менамоем. Бар зидди душманони миллату ватани худ устуворона мубориза мебарем. Ҳар ваҷаб хоки поки Тоҷикистони азизро бо қимати ҷони худ муҳофизат менамоем.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат ин муборизаи беамон бурдан бар зидди терроризм ва экстремизм буд, хаст ва мемонад, хоинони миллат бояд донанад, ки бо ҳеҷ ваҷҳ наметавонанад руҳияи ватандӯстиӣ ва хештаншиносии миллати тоҷик ва махсусан ҷавононро ба шикаст ру ба ру созанд. Хифзи Ватан, посдории арзишхои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат аз зуҳуроти манфии ҷахонишуда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандор мебошад. Мо ҷавонони ватандуст ва ватанпарвари Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша дар муқобили амалҳои нопоки гуруҳҳои мусаллаҳи ифротиву террористӣ истодагари намуда, муборизаи беамон барем, то тавонем дастаҷамона решаи чунин нохалафонро нобуд созем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид месозанд: «Терроризм-миллат ва сарҳад надорад», пас шахсе, ки дидаву дониста, мехоҳад кишвари ободу осудаи худро ба харобазор табдил диҳад, ӯ аз миллати мо нест, миллат аз ин гуна ашхос безорӣ меҷӯяд. Ин гуна ашхосро бояд бераҳмона нобуд сохт, ва дар ҷои номаълум гӯронид, то дар сари қабри ин гуна хоинсифатон на гирянду на дуое бикунанд. Мо чавонон ин амали хоинонаи ин палидонро, ки сарпарастонашон дар Аврупову кишварҳои дигар ҷой гирифта мехоҳанд ба хонадони тоҷик боз торики биёранд, дониста монанад, ки дигар ин ҳадафҳояшон барбоду барабас меравад.
Ҳар як нафаре, ки бо тиру туп ба сари миллати тоҷик чи бегона бошаду чи худи бо тири худаш дар ин зарзамин кушта мешавад.
Рӯҳи фарзандони шуҷои миллат, дар симои корманди милитсия ва марзбони тоҷике, ки дар роҳи ҳифзи Ватан дар ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз шаҳид гаштанд, шод бод!
Зеро ин ду нафар зарбаи аввал ва асосии террористони ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро, ки мехостанд, бо ба даст овардани силоҳи ин кормандон фоҷиаи бештареро сабаб гарданд, ба худ қабул намуданд. Ин ду нафар мардонавор то лаҳзаи марг бо террористони силоҳбадаст ва ниқобпӯш ҷангиданд ва ҳатто як қадам қафо нанишастанд. Санаи 6-уми ноябр, тахминан соати 03:23 дақиқа, ин ду корманди низомӣ хоб набуданд, то дигарон, бахусус кӯдакони мову Шумо дар хоби ноз бошанд, яке аз ин низомии ҷавон корманди милитсия, баҳри таъмини низому тартибот дар минтақаи хизматиаш бедорхобӣ мекашид, марзбони ҷавон бошад, барои ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хобро барои худ душман эълон намуда буд. Аммо сад афсӯс, ки душман ҳамеша мисли рӯбоҳ маккор аст ва пеш аз ҳуҷум аз худ дарак намедиҳад, маҳз ҳамин маккорӣ ва пинҳонкорӣ сабаб гашт, ки ин ду фарзанди шуҷои миллат барои оромии кишвар қурбон гарданд, то ҳамяроқонашон қасоси маргашонро бигиранд. Дар натиҷаи муноқишаи шадиди мусаллаҳона миёни воҳидҳои зудамали мақомоти корҳои дохилӣ ва КДАМ бо террористони ҳамлагар, 15 нафар аз аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ безарар гардонида шуда, 5 нафари дигар дастгир карда шуданд.
Боз такрор ба такрор мегуем, ки Точикистон дигар чои хоинони ватанфуруш нест. Ин террористони зархарид чанд муддате дар кишвархои чангзада умр ба сар бурда, дигар ба хочагонашон лозим нестанд ва онхоро аз кишвархояшон меронанад. Чи хеле, ки дар урфияти точикон мегуянд: Хиёнаткор саломат намемонад” Ба онхое, ки имрузхо аз дур истода ватану модари хешро фурухта, ба сари мардуми точик санг мезананд, дониста монед, ки окибати кори ҳамаашон хамин асту донанд ва огоҳ бошанд, ки мардуми меҳанқарини тоҷик намегузоранд, ки нохалафе, нопоке хоки поки кишварамонро палид созад!