Хабарҳо

Ҷанҷгуёни гуруҳҳои терористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгиранд.

           Ҷанҷгуёни гуруҳҳои терористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгиранд.

Шомилшавӣ ё худ руй овардани чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксттремистӣ имрӯзҳо тамоми мамолики дунёро ба ташвиш оварда, ба масоили мубрами рӯз табдил ёфтааст. Боиси тааассуф аст, ки айни замон миёни гурӯҳҳои ҷангӯ, ки дар давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон Покистон, Ироқ Сурия бархе аз чавонони гумроҳи тоҷик шомил гардида, хуни одамони бегуноҳро мерезанд. Сабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёданд. Бархӯрдор набудан аз авзои сиёсии ҷаҳон, ҳис накардани хатарҳои ифротгароӣ, зудбоварӣ, афтодан ба доми фиребу найрангҳои одамони тасодуфан соҳиби пули бе дарди миён гаштан ва аз ҳама муҳимаш надоштани донишҳои кофии замонавӣ, ки онҳоро ба чунин монеаҳо такон дода, саргардониҳои зиёд ба бор меорад, аз ҷумлаи ин гуна омилҳост.

Дигар сабаби пайвастани ҷавонон ба чунин равияҳо ин аз назорати волидайн дуррмондани фарзандон аст, ки билохира онҳоро ба ин роҳ мебарад. Аз ин лиҳоз, инкониятҳои тамоми мақомоти дахлдори кишвар барои аз байн бурдани чунин ҳолати ногувор ва андешидани чораҳои таърихнопазир равона карда шудааст. Барои гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлуб, пайваста талошҳо сурат гирифта. тадбирҳои мцушаххаси роҳандози мегардад. Масъалаи ифродгарою тундгароӣ ва хатарҳои ба он вобаст ҳамеша мавриди тавачҷуҳи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Савари кишвар кишвар ин масъаларо зимни маърӯза ва баромадҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ ва маҳаллӣ пайвастаниҳо мавриди ҳаллу фасл гузоштаанид. Асоси ҳукуқии мубориза ба р зидди ифродгарои дар Ҷумҳури Тоҷикистон Констутсия, Қонуни Ҷумҳури  Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқ байналмилалӣ. ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд. ташкил медиҳанд соли 2003-Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон. Дар бораи мубризаба зидди ифродгароӣ Қабул карда шуд. ки мақсади он пешт аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқва озодиҳи инсон, асоси сохти Конистутсиони, таъмини як порчаӣ ва амният Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҷомеи кишвар пуштӯ ҳаллу фасли омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти ва пешгирии  онанд. Яке аз воситаҳои асосии пайвастани ҷавонони кишвар ба ин раванд муҳоҷират ба ҳисоб меравад.Намояндагони гурӯҳҳои терористӣ дар навбати аввал бо муҳоҷирони гумроҳ сау кор гирифтан бо фиребу найранги онҳо ба ин роҳ тела медиҳанд. Ҳолати дигар таълимоти ғайри расмии динӣ дар хориҷи кишвар мебошад. ки дар айёми таҳсил аз ҷониби эмиссарҳои ташкилоти террористӣ муҳассилини тоҷик ҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷанги сафарбар мешавад. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилшавии ҷонон ба гӯруҳхои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. ки тавассути он созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ наворҳои таблиғоти ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд ва онро ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.Имрӯз беш аз 100-кишвари дунё гирифтори амалу тахрибкориҳои террористю ифротгароӣ  гаштааст. Чунончӣ соли 2017-дар Афғонистон бар асари фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо ва амалҳои террористӣ беш 10-ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан  4-ҳазор нафар қурбон шудаанд, ки 32-фоизи қурбониён ва53-фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додааст. Ё худ солҳои пеш дар Афғонистондар ҷангҷуёони ҳаракати Толибон намоядагони 15- кишвар ба гирифа шуда бошанд, ҳоло дар сафоҳои ДИИШ ва дигар гӯруҳҳои терористӣ ҷангиёон шаҳрвандон беш аз 100-давлати  мушоҳида карда мешавад, ки аз хусусияти ҷавонон гирифтани ин падидадарак медиҳад. Аз чониби дигар маълумоти ҷангчиёни гӯруҳҳои террористи дар Ироқу Суримя ҷойгиранд. то ба 100- ҳазор нафар расида дар натиҷаи амалиётҳои зидди террористяк қисми онҳо аллакай нобуд карда шудаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доими  қарор дора два насфи зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад Бинобар ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон масъалаи наврасону ҷавонону ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати эълон кардаанд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамачонибаи давлат ва ҳукумат, ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба маҳзабу равиятҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷойдоранд.Ба хотири таъмини шароит донишандӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳои, сохтмони муассисаҳои наву замонавӣ. сифати чопи китобҳои дарсӣва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳо таълимӣ амали гардонида шуда истодааст. Имрӯз  стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбияи оила, макта муассисаҳои таълимӣ касбӣ сатҳи гуногу, ташкилотҳои чамъияти ва воситаи ахбори омма равона шудааст дар шароит кунонӣ ҳар як фардӣ соҳибмаърифат ва соҳибватан, падару модарон, намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият ва мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин кори масъулиятҳои дар канор набошанд. Дар тарбияи насли навра ва ҷавонон аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намояд.Аз чониби дигар пешгири намудани хама гуна аъмоли ифротгарона яке аз омилхои мухими хифзи вахдати милли суботу оромии чомеа ва рушду инкишофи давлати мили ба хисоб меравад

 

        Исматуллоева  Фарзона

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *