Қ а р о р и
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ховалинг
аз 12 декабри соли 2019, №197
Дар бораи таъсис додан ва тасдиқ намудани ҳайати комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, таҳти № 1380 “Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, мутобиқи талаботи моддаҳои 9,10-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва 8,9,20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” иҷлосияи 23-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)
ҚАРОР МЕКУНАД:
-комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) таъсис дода шуда, дар ҳайати 11 нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Ховалинг Акрамзода П. А.
ҳайати комиссияи ноҳиявии
интихобот ба Маҷлиси маҳаллии
вакилони халқи ноҳия
Мунисов Қудратулло
Неъматович,
сардори маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Ховалинг, таваллудаш 28.04.1958, миллаташ тоҷик.
Ҳикматуллоев Ҳабибулло Яъқубович,
мудири бахши иқтисод ва савдо, таваллудаш 01.05.1966,миллаташ тоҷик.
Холов Манучеҳр
Ҳикматуллоевич,
мутахассиси пешбари бахши саноат ва комуналӣ, таваллудаш 25.06.1984, миллаташ тоҷик.
Эмомова Ибодатхон
Бадриддинова,
мудири бахши бойгонӣ, таваллудаш 21.12.1977, миллаташ тоҷик.
Кабиров Исроил
Шералиевич,
сармуҳосиби МТМУ-и №6, таваллудаш 08.06.1986, миллаташ тоҷик.
Одинаев Ҷангихон
Саидович,
мудири бахш оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таваллудаш 22.04.1963, миллаташ тоҷик.
Ёқубов Хушвахт,
котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, таваллудаш 02.01.1959, миллаташ тоҷик.
Муборакшоев Шарифҷон Ғуломович,
мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, таваллудаш 01.06.1985, миллаташ тоҷик.
Ҳақназарова Шаҳзода
Орифовна,
корманди китобхонаи марказӣ, таваллудаш 13.03.1973, миллаташ тоҷик.
Эшонов Сайволиддин,
мудири бахщи ҷавонон ва варзиш, таваллудаш 13.06.1993, миллаташ тоҷик.
Мирзоев Фирдавс
Хайруллоевич,
мутахассиси пешбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, таваллудаш 28.10.1982, миллаташ тоҷик.
Бардоштҳо аз иҷлосияи
Маҷиси вакилони халқи ноҳия
Санаи 12 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бистусеюми (даъвати панҷум) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори он ба ғайр аз вакилон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасанзода А. ширкат доштанд.
Вакилон кори иҷлоссияро аз рӯи масъалаҳо зерин:
-Ҳисоботи раиси ноҳия дар соли 2019;
-дар бораи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2019 ва тасдиқи буҷет барои соли 2020;
-дар бораи тасдиқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои соли 2020;
-дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия;
-дар бораи таъсис додани комиссияи интихобот оид ба интихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;
-дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг;
-дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2020-2025.– оғоз намуданд.
Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома раиси ноҳия акрамзода Парвиз Акрам баромад карда, мухтасар аз рафти фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ҳисобот дод.
Аз рӯи масъалаҳои дигари дар рӯзнома дарҷгардида, вакилон пайи ҳам баромад намуда, фикру ақидаҳляшонро баён доштанд. Ҳамчунин вакил аз ҳавзаи интихоботии №19 Давлаталӣ Бозоров суханронӣ намуда, перомуни корҳои ободонию сохтмонӣ дар ноҳия ҳарф зад.
Давлаталӣ Бозоров даъват ба амал овард, ки ба сохтани якчанд иншоот дар ноҳия кор анҷом намеёбад. Чуноне ба мо маълум аст, ғайр аз иншоотҳои сохта ба истифода додашуда боз дар назар аст, ки коргоҳи макаронбарорӣ ва якчанд коргоҳҳои хурду бузург сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ин рӯ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои обҳои ташнашикан, коркарди маҳсулотҳои ширӣ ва меваи хушк дар ноҳия зиёд таъсис дода шаванд, то деҳқонон тавонанд маҳсулоти ба даст овардаашонро сари вақт ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагиашонро баланд бардоранд.
Дар фуроварди иҷлосия раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам аз иҷлосияи навбатии вилоятӣ муждаи шодӣ дод, ки номи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба Ҷамоати шаҳраки Мунк иваз гардид.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасанзода А. дар фарҷоми иҷлосия ба сухан баромада, андешаҳояшро перомуни масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия дарҷгардида, иброз дошт.
Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод, то дар ҳама муассисаҳои таълимӣ қабл аз дарсҳо суруди миллӣ суруда шавад.
Иҷлосияи бистусеюми (даъвати панҷум) Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуда, кори худро анҷом пазируфт.
Нозим Рахимзода.
Қ а р о р и
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг
аз 12 декабри соли 2019, №198
Дар бораи ташкил ва муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум).
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум), мутобиқи талаботи моддаи 7-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва 8,9,20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” иҷлосияи 23-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)
ҚАРОР МЕКУНАД:
- Бо дарназардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд, мавзеъи ҷойгиршавӣ ва дигар шароиту имкониятҳои мавҷуда, барои интихоботи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) ташкил намудани 33 ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар карда шавад (замима мегардад).
- Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Ховалинг Акрамзода П.А.
Ба Ҷамоати шаҳраки
Ховалинг дохил мешавад:
Ҳавзаи №1– марказаш бинои «Маркази ҷавонон», дохил мешавад кӯчаи И. Сомонӣ, гузари Паранак ва маҳаллаи Ҷавонон;
Ҳавзаи №2-марказаш бинои «Маркази чавонон, дохил мешавад гузари Сари Мазори тор, ва кучаи Бобо Юнус;
Ҳавзаи №3-марказаш бинои бахши ҳифзи муҳити зист, дохил мешавад кӯчаи 8-март, гузари Амонатбонк, Сари Мазори 1(аз хонаи шаҳрванд Бобохонов М. боло), маҳаллаи Тутак;
Ҳавзаи №4-марказаш бинои МТМУ №6, дохил мешавад маҳаллаҳои Обшорон, Сохтмончиён ва кучаи ба номи Восеъ;
Ҳавзаи №5-марказаш бинои МТМУ №1, дохил мешавад маҳаллаҳои Чорбоғ, Заргарон кучаҳои Ҳ,Файзулло, Сино, Рӯдакӣ ва Шоҳин;
Ҳавзаи №6-марказаш бинои Маркази санитарию эпидемиологӣ, дохил мешавад кучаи Ш. Командир, маҳаллаҳои Дашти Қавақ ва Санговак.
Ба Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо дохил мешавад:
Ҳавзаи №7-марказаш бинои МТМУ №9, дохил мешавад деҳаҳои Даҳани Шол ва Токак;
Ҳавзаи №8-марказаш бинои муассисаи таълимии №26, дохил мешавад, гузари Сари Осёб (аз тарафи рост) ва деҳаи Дӯстӣ;
Ҳавзаи №9-марказаш бинои МТМУ №5, дохил мешавад деҳаи Сари Осёб (аз тарафи чап), деҳаҳои Тиён, Оби Равшан ва Хангуртак;
Ҳавзаи №10-марказаш бинои муассисаи таълимии №20, дохил мешавад деҳаҳои Ёхсуобод (Навобод), Панҷариён, Қадаҳӣ ва Охтош;
Ҳавзаи №11-марказаш бинои муассисаи таълимии №8, дохил мешавад деҳаҳои Зардакӣ, Охтерак, Сиёҳкуртаҳо, Хонақои Севодара, Айлодара ва Мазори Ҳазрати Султон (тарафи чап);
Ба Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дохил мешавад:
Ҳавзаи №12-марказаш бинои МТМУ №3, дохил мешавад деҳаи Доробии боло ва Чепи вол;
Ҳавзаи №13-марказаш бинои МТМУ №3, дохил мешаванд деҳаҳои Доробии поён ва Таги Ҷар;
Ҳавзаи №14-марказаш бинои МТМУ №12. Дохил мешавад деҳаи Гулзор (тарафи рост);
Ҳавзаи №15-марказаш бинои МТМУ №12, дохил мешаванд деҳаи Гулзор (тарафи чап);
Ҳавзаи №16-марказаш бинои МТМУ №2, дохил мешавад деҳаи Шехмизон;
Ҳавзаи №17-марказаш бинои МТМУ №10, дохил мешаванд деҳаҳои Ҷуқурак, Боғча, Мазори Ҳазрати Султон (тарафи рост), Дараи Аспон, Рӯи Об;
Ҳавзаи №18-марказаш бинои МТМУ №23, дохил мешавад деҳаи Ҷомбахт (гузари поён);
Ҳавзаи №19-марказаш бинои МТМУ №23, дохил мешавад деҳаи Ҷомбахт (гузари боло), Дараи Ҳавз, Ҳашар, Синҷитак;
Ҳавзаи №20-марказаш бинои МТМУ №15, дохил мешавад деҳаи Дараи Мухтор;
Ҳавзаи №21-марказаш бинои МТМУ №11, дохил мешаванд деҳаҳои Шехон, Насронӣ ва Яккачормағз.
Ба Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дохил мешавад:
Ҳавзаи №22-марказаш бинои МТМУ №4, дохил мешаванд деҳаҳои Лоҳутӣ ва Қулаҳмадӣ;
Ҳавзаи №23-марказаш бинои МТМУ №18, дохил мешаванд деҳаҳои Сафедшаҳрак, Чашмабедак, Хуҷахаллил, Пасттезак ва Майдон;
Ҳавзаи №24-марказаш бинои муассисаи таълимии №14, дохил мешаванд деҳаҳои Навруҳо, Кулдара, Чанор ва Ҷинако;
Ҳавзаи №25-марказаш бинои муассисаи таълимии №16, дохил мешаванд деҳаҳои Садбаргҳо, Момаӣ, Буғдояк ва Бағлисой;
Ҳавзаи №26-марказаш бинои муассисаи таълимии №17, дохил мешаванд деҳаҳои Ҳалқаёр, Канаб, Зардолудашт ва Санги Уғур;
Ҳавзаи №27-марказаш бинои муассисаи таълимии №13, дохил мешаванд деҳаҳои Сангрезгӣ ва Хунукчашма;
Ҳавзаи №28-марказаш бинои муассисаи таълимии №25, дохил мешаванд деҳаҳои Обидара, Обидараи Чанор, Заргар, Дашти Ёвон, Қаратеппа, Қалъаи Сурх.
Ба Ҷамоати деҳоти Шукнов дохил мешавад:
Ҳавзаи №29-марказаш бинои МТМУ №7, дохил мешаванд деҳаҳои Сиёҳфарк Тиговон, Дараи Девлох;
Ҳавзаи №30-марказаш бинои МТМУ №7, дохил мешаванд деҳаҳои Дашти Рубот ва Хоҷаи Сабзпӯш;
Ҳавзаи №31-марказашмуассисаи таълимии №37, дохил мешаванд, деҳаҳои Хуракдара, Дараи Сов, Шукнов;
Ҳавзаи №32-марказаш бинои МТМУ №22, дохил мешаванд деҳаҳои Зелолак, Дашти Питовду, Сари Пул, Шунго, Сари гузар ва Сураҳо;
Ҳавзаи №33-марказаш бинои муассисаи таълимии №29, дохил мешаванд деҳаҳои Сангдара ва Кулолон.